Ҳушдори Бонки Миллӣ ба саррофони “саркаш”-и Душанбе
Бонки Миллии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанберо, ки беасос долларро ба муштариёнашон намефурӯшанд, муҷозот мекунад.
Мирзомуддин Мавлонов, раҳбари департаменти танзими асъори Бонки Миллӣ дар шарҳи шикояти сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор гуфт, агар саррофон беасос аз фурӯши доллар худдорӣ кунанд, муҷозот хоҳанд шуд: “Аз як тараф нафурухтани доллар ғайримантиқӣ аст, чун ин манбаи даромади нуқтаҳои мубодилаи асъор аст. Баъдан агар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз фурӯши доллар саркашӣ кунанд, қурби он метавонад, боло биравад. Бинобар ин ҳеч мумкин нест, ки масъулини нуқтаҳои мубодилаи асъор, долларро нафурӯхта бошанд.”
Мавлонов аз шаҳрвандон хост, дар сурати рӯбарӯ шудан ба чунин ҳолат ба масъулини Бонки Миллӣ дар тамос шаванд ва масъулин то ҳатто метавонанд иҷозатномаи нуқтаи мубодилаи асъорро бозхонд кунанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе шикоят карда, изҳор доштанд, ки бархе аз саррофон мегӯянд, доллар надорем. Феълан арзиши як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 4,93 – 4,95 сомонӣ нишон дода шудааст. Тафсилоти бештари мавзуъ дар наздиктарин фурсат нашр мешавад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |