Рейтинги мизони соҳибкорӣ-2013: Тоҷикистон дар ҷои 108
Тоҷикистон дар раддабандии мизони соҳибкорӣ ва имкониятҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама охирро касб кардааст.
Дар ҳисоботи солонаи Legatum Prosperity Index, ки маркази таҳлилии Legatum Institute-и Бритониё тартиб медиҳад, Тоҷикистон зинаи 108-ро муаррифӣ мекунад. Қазоқистон дар ҷои 55, Қирғизистон 84 ва Узбакистон дар мақоми 92-анд. Дар мавриди Туркманистон маълумоте пешниҳод нашудааст.
Аз миёни кишварҳои дигари пасошӯравӣ натиҷаи нисбатан беҳтар насиби кишварҳои Балтик -- Эстония (ҷои 28), Латвия (37) ва Литва (40) аст. Русия зинаи 47-и рейтинг, Украина мақоми 61, Беларус 67 ва Молдов ҷои 71-ро муаррифӣ мекунанд.
Барои муайян кардани мизони соҳибкорӣ ва имкониятҳо дар кишвар ба ҳашт бахш таваҷҷуҳ мешавад: иқтисод, соҳибкорӣ, идорасозӣ, маориф, тандурустӣ, амният, озодӣ ва сармояи иҷтимоӣ.
Барои ҳар бахш дар ҷадвал рейтинг тартиб дода мешавад. Он аз 0 то 142 баҳогузорӣ шуда, мақоми кишварро миёни дигар ҷамоҳир муайян мекунад. Ҳар қадар рейтинг поин бошад, нишондоди кишвар дар ҳамон бахш ҳамон андоза бад ҳисобида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |