Баррасии сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дар Ашхобод
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон ва Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар пайи як дидор ба бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дахл карда, онро тарҳи муҳим хондаанд.
Тафоҳумномаи бунёди роҳи оҳан миёни се кишвар 20 марти соли 2013 аз ҷониби раисҷумҳурон-Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод имзо шуд.
Бино ба иттилои TDH, хабаргузории давлатии Туркманистон мулоқоти Бердимуҳаммадов ва Муқбил Усмонӣ дар шаҳри Ашхобод сурат пазируфта, дар ҷараёни он ҷонибҳо сохтмони лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустонро низ яке аз пружаҳои муҳим арзёбӣ кардаанд.
Дар ин дидор ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтааст,-менависад манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |