Ҳисобҳои бонкии собиқ домоди президент мунҷамид шуд
Додгоҳи Малта барои мунҷамид кардани дороиҳои Роҳат Алиев, собиқ домоди президенти Қазоқистон -- Нурсултон Назарбоев ордер додааст.
Бино ба иттилои ВАО-и Қазоқистон, ҳисобҳои бонкии завҷаи Алиев -- Элнора Шораз ва ширкатҳои офшории ӯ низ мунҷамид мешаванд.
Гуфта мешавад, Роҳат Алиев ва ҳамсараш аз ҳаққи ба ашхоси дигар додани ҳар гуна амволи манқул ва ғайриманқул маҳрум гардидаанд.
Роҳат Алиев дар гузашта бо Дарига Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Ӯ ба тиҷорат машғул буда ва дар мақомҳои раҳбарикунандаи мақомоти қудратии Қазоқистон кор мекард. Баъдан, сафири Қазоқистон дар Австрия таъин шуд.
Дар соли 2000 ду нафар ӯро дар рабудани шавҳарҳояшон, ки дар низоми бонкӣ кор мекардаанд, муттаҳам карданд. Нисбат ба Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва додгоҳ дар ғайбаш ӯро ба 20 соли зиндон ҳукм кард. Баъдан, Роҳат Алиев ҳамчунин бо иттиҳоми талоши сарнагун кардани ҳокимият гунаҳкор шуд. Қабл аз ҳамаи ин иттиҳомот Дарига аз ӯ ҷудо шуд. Роҳат Алиев ҳоло дар Австрия буда ва мақомоти Қазоқистон барои боздошт ва истирдоди ӯ муваффақ нашудаанд. Ӯ ҳамаи иттиҳомотро бофта дониста, худро бегуноҳ мешуморад. Ахиран, Додситони кулли Қазоқистон Алиевро дар куштори Олтинбек Сарсонбоев, яке аз мухолифони давлати Қазоқистон дар соли 2006 муттаҳам кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |