Ҷаласаи Комиссияи даъват ва таъкиди Ҷабборӣ барои аз байн бурдани "облава"

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, ки ахиран дар пайи ташкили Комиссияи даъват дар садри он қарор гирифт, мегӯяд, барои беҳтар кардани роҳҳои даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар талош хоҳад кард.
Ҷаборӣ рӯзи 4 март дар оғози ҷаласаи ин комиссия гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дуюм аст, ба масъалаи даъвати ҷавонон ба саффи артиш дахл карда, сурат гирифтани он дар доираи қонунро талаб менамояд.
Раиси Комиссияи даъват таъкид кардааст, онҳо тасмим гирифтаанд, самтҳои афзалиятноки фаъолиятноки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро муайян сохта, барои беҳтар кардани он қарорҳои лозима қабул ва амалӣ хоҳанд кард.
Дар ин ҷаласаи Комиссияи даъват дар баробари аъзояш, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи президент, сарпрокурори ҳарбӣ, роҳбарони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, раисони комиссияҳои даъват ва комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштаанд.
Комиссияи даъват дар ҷаласаи охири ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 26 феврал ташкил шуда, дар садри он Марҳабо Ҷабборӣ -- муовини нахуствазири кишвар таъйин гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа як бори дигар дастур дода буд, ки усулҳои ғайриқонунии даъват ба Артиш, яъне “облава”, комилан аз байн бурда шавад: “Барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъват аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |