Дар толори меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Қарочии Покистон ба муносибати 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ барпо гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, ин нишаст аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Покистон созмон ёфта, дар он ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, намояндагони воситаҳои ахбори умуми Покистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Қарочӣ ширкат доштанд.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов доир ба истиқлолияти Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба комёбиҳои тайи 20-соли ахири ҷумҳурӣ ибрози назар кард. Зубайдов афзуд, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ устувор гардида, муносибатҳои кишвари мо бо давлатҳои дигар инкишоф меёбанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр