Ҳимоятгари пешини “Рубин”-и Қазон ба тими “Хуҷанд” пайваст
Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари собиқи клуби “Рубин”-и Қазон ба ҳайати дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пайвастааст.
Ҷалилови 21-сола дар мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон бозигари “Истиқлол”-и Душанбе буд.
Ба гуфтаи Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии “Хуҷанд” Искандар Ҷалилов аллакай дар ҳайати даста дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо “Эсхата” ба майдон баромадааст.
Юсупов ҳамчунин афзуда, ки лигионерҳои ганагӣ Бенҷамин Авуко, Бенҷамин Аманква ва Чарлз Теко низ ба Тоҷикистон омада дар қисмати финалии Ҷоми ФФТ, ки 10 март оғоз мегардад, ба тим хоҳанд пайваст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |