ЧТ ба ҷои ҶТ? JUMKHURI тарҷумаи ҷумҳурӣ? VKD, яъне ВКД?

Рустам МАҶИДОВ
Ҳуҷҷати ронандагии биометриро, ки мақомоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 4 март муаррифӣ карданд, пур аз иштибоҳ дарёфтам.
Масъулон гуфтанд, ин ҳуҷҷат ба ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – чоп шуда, дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла Амрикову Аврупо ба кор меояд. Вале дар ҳуҷҷат аслан калимаҳои тоҷикиро ба хатти кириллӣ ва лотинӣ навиштаанду бас.
Бори аввал дидам, ки ҷумҳурӣ “ҷумхурӣ” шуда, ба англисӣ “JUMKHURI” тарҷума мегардидааст. Айнан, ҳамин тавр, ВКД-ро “VKD” навиштаанд. Магар дар Амрикову Аврупо хоҳанд фаҳмид, ки ин ҳуҷҷатро Вазорати умури дохилии Тоҷикистон додааст? Ё хуб мефаҳманд, ки “JUMKHURI” ҳамон республика аст?Дар ҳамин ҳуҷҷати ронандагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли кӯтоҳи “ЧТ” навишта, варианти лотинии онро “CHT” гуфтаанд. Ба ин тартиб, шаҳри Душанбе ҳам “Sh.Dushanbe” навишта шудааст.
Дар сатри аз ҳама боло дар миёни калима ҳарфи “Ҳ-ро ҳам калон навиштаанд. Дизайнерон хостанд, мақоми ҳарфи тоҷикии “Ҳ”-ро болотар нишон диҳанд? Эврика! Инҳо дар ҳақиқат хостаанд ба ҳуҷҷатгузории давлатӣ “ягон майда” ҳарфи ғайрро ҳамроҳ накунанд, балки бештар аз ин – забонамонро дар ҷаҳон паҳн намоянд. Шояд ҳам, аз баҳсҳо сари бартарияти алифбои ниёгон ё кириллӣ безор шуданду ба алифбои лотинӣ гузаштаанд?!
Ҳама кӯшишҳое, ки давлатдорону Кумитаи забон ва истилоҳот барои покии забони тоҷикӣ мекунанд, ҳаргиз бор нахоҳад овард. То замоне ки низом кор намекунаду кормандони давлатӣ забони расмиро намедонанд, ин кишвар соҳибзабон нахоҳад буд.
Вақтҳои охир атрофи тарҷумаҳои аҷибу ғариби саросари дунё, аз он ҷумла Сочӣ, дар интернет зиёд мегӯянд. Аммо онҳо мисоли тарҷумаҳои сарикӯчагиянд. Тарҷумаи ҳуҷҷати расмии худи мо - тоҷикон чӣ?
Ҳуҷҷати ронандагӣ коғазе нест, ки дар қади кӯча чоп куниву агар хатое шуд, дубора фармоиш диҳӣ. Зоҳиран барои ин “права”-и биометрӣ пули калоне харҷ шудаву мардум ҳам бо пардохти 165 сомонӣ барои ин ҳуҷҷат ва 140 сомонӣ барои муоинаи техникӣ ин санадро дарёфт хоҳанд кард?
Чӣ фикр мекунед? Онҳое, ки то кунун чунин ҳуҷҷати ронандагиро гирифтаанд, дубора иваз хоҳанд кард? Оё мақомот барои ин хатои худ пӯзиш хоҳанд хост? Ё масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷати роннадагии биометриро аз рӯи “права”-ҳои Русия, ки ҳамин шаклро дорад, нусхабардорӣ кардаанд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |