Дар шаҳри Остона ҳамойиши вижа таҳти унвони “Тақвияти асоси қонунии вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ” (IDRL) сурат мепазирад.
Тоҷикистонро дар ин конфронс масъулин аз нерӯҳои марзбонии кишвар, вазорати умури хориҷӣ, оҷонсии сохтмон, кумитаҳои гумруку ҳолоти изтирорӣ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагиҳои Барномаи рушди СММ (БР СММ) ва Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) муаррифӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин ҳайат фардо 16-уми август озими пойтахти Қазоқистон мешавад.
Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози барномаҳои мудирияти ҳолатҳои изтирории Федератсияи байнулмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар оғоз ба аҳаммияти нишасти Остона таъкид кард. Ӯ гуфт, нишасти Остона бо ибтикори Федератсияи байнулмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистону созмонҳои байнулмилалӣ ва бо маблағгузории Кумиссиюни аврупоӣ рӯзҳои 17-18-уми август баргузор мешавад. Он дуввумин чунин нишаст буда, ҳадафаш баррасӣ ва тақвияти қонунгузории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ мебошад. Интизор меравад, ҳайъати Тоҷикистон пас аз бозгашт дар тарғиби Қонуни байнулмилалии вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (IDRL) дар Тоҷикистон саҳм бигзорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр