Бишкек гузаргоҳҳои бастаашро ба рӯи Тоҷикистон мекушояд
Мақомоти Қирғизистон барои боз кардани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Тоҷикистон, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ яктарафа баста шуда буд, розӣ шудаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаи муътамад аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Мусоҳиби мо гуфт, ин масъала рӯзи 3 март дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баррасӣ шуда, Бишкек омодагияш барои боз кардани гузаргоҳҳоро баён доштааст. “Дар ҷаласа ҳайати кишвари ҳамсоя гуфтанд, дар давоми ду-се рӯзи оянда гузаргоҳҳоро боз мекунанд. Рӯзаш дақиқ нест, ки фардо ё пасфардо боз мешавад. Вале муҳим ин аст, ки Қирғизистон барои дубора боз шудани гузаргоҳҳо розӣ шуд”,-афзуд манбаъ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |