Номаи тасаллияти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар робита ба амали террористии шаҳри Кунмин унвонии ҳамтои чинияш -- Сӣ Ҷин Пин номаи тасаллият ирсол кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии TDH, дар ин мактуб аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Туркманистон терроризм ва эктремизмро дар ҳар шакле набошад, шадидан маҳкум намуда, барои мубориза бо он аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунад”.
Бердимуҳаммадов аз номи худ ва мардуму ҳукумати Туркманистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани захмиёни ин ҳамларо хостааст.
1 март як гуруҳи мусаллаҳ бо кордҳо дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмини Чин ба шаҳрвандони қаторӣ ҳамла карда, 29 кушта ва 130 маҷруҳро барҷой гузоштанд. Пулис, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, 4 нафарро кушта бархеро боздошт кардааст, аммо гуруҳи дигар фирор кардаанд. Мақомоти Чин ин ҳамларо муташшакалинона ва интиҳорӣ хонда, онро кори дасти ҷудохоҳони исломӣ аз ноҳияи Шинҷон арзёбӣ мекунанд, ки мухторият ва қатъи фишорҳо болои динашонро талаб мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |