Бахшҳо

Ҳукумати Қирғизистон иддао дорад, ки тоҷикон роҳҳоро аз худ кардаанд

Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як изҳорот манфиатдор будани Тоқон Мамитов, муовини нахуствазири ин кишвар аз сохтмони роҳи баҳсбарангезро, ки яке аз иллатҳои тирпаронии 11 январ гуфта мешавад, рад кардаву онро иғвоангезона хондааст.

Дар ин изҳороти дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, аз ҷумла таъкид шудааст, “Мамитов ба сохтмони ин роҳи баҳбарангез ҳеч гуна рабте надорад ва гуфтаҳои Аркадий Лозинов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки дар бархе аз расонаҳои хабарӣ бозтоб шудаанд, беасос мебошад.”

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, муаллифони ин гуна матолиб Бишкекро дар он муттаҳам кардаанд, ки мароторияи иҷрои сохтмон дар манотиқи марзиро вайрон карда, бо ёфтани сармояҳои хориҷӣ корҳо дар манотиқи баҳсбарангезро оғоз кардаанд: “Аммо ин қарордоди мо бо Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузории бархе сохтмонҳо, аз ҷумла роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфана ҳанӯз солҳои 2009 сурат гирифта буд.”

Ба гуфтаи онҳо, гӯиё ягон сохтмони роҳи мошингарди ба нақшагирифтаи Қирғизистон аз манотиқи баҳсбарангез убур нахоҳад кард, ба ҷуз қисмати аз 248,6 то 271,59 километрии роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфана, ки 275 метри он тавассути минтақаи баҳсӣ мегузарад: “Дар ин бобат низ тибқи тавофуқи ҳукумати Қирғизистон бо Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳалли ин қазияро ба зимма гирифтаанд.”

Вале ҳукумати Қирғизистон дар идома гуфтааст, ин ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки борҳо мароторияи мазкурро нақз мекунад. Дар ин бора мақомоти Бишкек мисол оварда гуфтаанд, солҳои охир бахши роҳи Куктош-Ортобози вилояти Бодканд аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон азхуд карда шуда, манозили истиқоматӣ дар онҷо бунёд гардидааст. “Инчунин дар деҳаи Қизил-Жери ноҳияи Лейлак тоҷикон ба таври ғайриқонунӣ масҷид бунёд карда, то августи соли 2013 9 чоҳи нафту гази марбут ба Қирғизистон дар маҳҳали Катта-Туз аз сӯи Тоҷикистон идора ва истифода мешуд”,-омадааст дар изҳороти ҳукумати Қирғизистон.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Саид
Дузди зур сохиби гова бастай меган ку)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)