Бахшҳо

Фоҷиаи миллат. Омилҳои узбакшавии тоҷикони Узбакистон чист?

Саиди САЪДӢ

Дар соли 1924 бо дасисаи пантуркистон ва сиёсати тоҷикситезии давлати импературии Русия марзбандии беадолатона сурат гирифта, дар таъини сарнавишти сиёсии миллат нақши манфӣ бозид. Дар соли 1926 ин ду ишғолгарони собиқ сарзамини Хуросони шимолӣ дар ҳаққи тоҷикон боз як ҷинояти муҳиме содир карданд: дар ин сол 70 дарсади аҳолии яке аз марказҳои қадимаи маданияти тоҷикон – Самарқанду Бухоро ва чанд навоҳии дигари тоҷикнишинро дар аснод узбак навиштанд.

Дар ҳуҷҷатҳо узбак навиштани тоҷикон дар солҳои баъд низ идома дошт. Ҳоло тахминан 90 дарсади мардуми Самарқанд, Бухоро ва дигар навоҳӣ дар асноду шиносномаҳо узбак қайд шудаанд. То охири солҳои сиюми садаи бистум маориф ва дабиристонҳо низ ба забони форсии тоҷикӣ хеле кам буданд. Бо кӯшиши фидокоронаи баъзе миллатпарастони тоҷик, ки дар он солҳо дар сари мансаби ҳукумати Тоҷикистон буданд (мисли Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов) теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон афзуд. То охири солҳои чилум тахминан 85 дарсади тоҷикони Узбакистон ба забони модарӣ дар дабиристонҳо таҳсил мекарданд.

Вале аз охири солҳои чилуми асри бистум теъдоди мактабҳои тоҷикӣ кам шудан гирифтанд. Дар ҳар даҳсола аз солҳои панҷоҳум оғоз карда ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо тахминан дар баъзе маҳалҳо 5 дарсад ва дар баъзе дигар 10 дарсад коҳиш меёфтанд. Ба ин рӯйдоди нохуши зиддитоҷикӣ на худи миллати тоҷик эътибор медоду на давлати абарқудрати Шӯравӣ. Чунин вонамуд мекарданд, ки дар кишвари Шӯравӣ ҳамаи миллатҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи масоили миллӣ кайҳо ҳал шудаанд. Ҳама осудаҳолона умр ба сар мебаранд, кулли миллатҳо хушбахтанд. Ҳамаи миллатҳо баробаранд, дар ҳаққи онҳо адолату инсоф ҳукмрон аст.

Режими мустабиди давлати абарқудрат, ки аз демократия, озодии сухан ва озодии инсон фарсахҳо дур буд, тоҷики бечора ҳаққу имконият надошт, ки аз поймол шудани ҳуқуқу манофеи миллии худ садои эътироз баланд кунад. Зеро дар ин сурат ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам мекарданд ва ба маҳкама ҳам шояд мекашиданд. Ҳамин тариқ, аз охири солҳои чилум то поёни солҳои 80-ум дар бисёр навоҳии Узбакистон миқдори дабиристонҳои тоҷикӣ аз 85-90 дарсади солҳои чилум ба 50 дарсад кам шуданд. Вазъият дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-и қарни бистум хеле тағйир ёфт. Дар ин солҳо ба туфайли сиёсати демократӣ ва ошкорбаёнии роҳбари давлати Шӯравӣ Горбачев теъдоди мактабу синфҳои тоҷикӣ хеле афзуд. Албатта, ин раванди мусбат худ аз худ ба вуҷуд наомадааст. Ашхоси ватандӯсти миллат дар ин ҷода хеле аз худ кору пайкор ва фидокорӣ нишон доданд.

Масалан, дар Самарқанд дар он айём дар баъзе мактабҳое, ки ҳанӯз дар охири солҳои чилум ва аввали солҳои панҷоҳум ба забони узбакӣ баргардонда шуда буданд, боз аз нав синфҳои тоҷикӣ дари худро ба рӯи донишомӯзон боз карданд. Аз ҷумлаи онҳо мактаби рақами 10 дар маҳаллаҳои Чорраҳа ва Хуҷандиён, дар мактаби рақами 21 дар маҳаллаҳои Даҳбедӣ, Шарбатдорон ва Қаробой Оқсаққол, дар мактаби рақами 27 дар маҳаллаҳои Зоминӣ, Ёминӣ ва Мирзо Пӯлод, дар мактаби рақами 9 дар маҳаллаҳои Девори Кӯндаланг, Масҷиди Зангӯладор ва Қайра дар қисмати шаҳри кӯҳнаи Самарқанд теъдоди дабиристонҳои тоҷикӣ зиёд шуданд. Ин гуна дигаргуниҳо дар бахши маорифи форсӣ дар деҳоти вилоят низ ба амал омаданд.

Ин ҳама пешрафтҳои чашмгир дар соҳаи маорифу фарҳанги тоҷикон аз боло рафтани шуури худшиносии миллии мардум далолат медод. Аммо баъд аз эълон шудани истиқлолияти ҷумҳурӣ дар соли 1991 ва хусусан ба мақоми давлатӣ (с.1990) расидани забони узбакӣ аз аввали солҳои 90 теъдоди мактабу синфхонаҳои тоҷикӣ сол ба сол коҳиш ёфтан дорад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои бостонии тоҷикнишини Самарқанду Бухоро ягон синфи тоҷикӣ вуҷуд надорад. Дар дигар шаҳру навоҳии тоҷикнишин аҳвол ҳамин гуна аст. Масалан, тибқи маълумот дар ноҳияи тоҷикнишини Нурато мактаби тоҷикӣ қариб ба нестӣ расидааст ва ҳол он ки ду-се даҳсола пеш дар ин ноҳия чанд дабиристонҳои форсӣ-тоҷикӣ арзи вуҷуд доштанд.

Вазъият дар вилояти Сурхондарё андак беҳтар аст. Дар ин ҷо бисёр мактабҳо тоҷикӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин вилоят низ дар бархе аз маҳаллоту рустоҳо мактаби тоҷикӣ аз ибтидо вуҷуд надоштанд, баъзеашон баъдан баста шуданд. Мутобиқи гузоришҳо танҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ягон мактаби тоҷикӣ баста нашудааст. Ҳамаи сӯхиён ба забони модарӣ таҳсил мекунанд. Дар деҳоти вилояти Самарқанд низ тақрибан 10 дабиристони соф тоҷикӣ ва 15-18 мактаби омехтаи тоҷикӣ ва узбакӣ вуҷуд дорад. Лекин агар ҳоли ҳозир ва оянда дар ин соҳа мубориза ва талоше сурат напазирад, хавфи боз ҳам кам шудан ва дар охир нест шудани мактабу классҳои тоҷикӣ ба миён хоҳад омад.

Як сабаби коҳиши дабиристонҳои тоҷикӣ дар Узбакистон чунонки дар боло низ зикр кардем, ба мақоми давлатӣ бардошта шудани забони узбакист. Дар байни мардуми авом дар бораи забони давлатӣ чунин ақида пайдо шуд, ки гӯиё дар ҳама ҷой, дар кулли риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданияти кишвар забони узбакӣ истифода шуда, забонҳои дигар, аз ҷумла форсии тоҷикӣ дигар корбурд намешавад. Чунин фикри ғалат дар натиҷаи ноогоҳии халқ аз қонуни забони давлатӣ ҳосил шудааст. Ва ҳол он ки дар қонуни забони давлатӣ мақому ҳуқуқи забонҳои ғайр, ки дар ҷумҳурӣ роиҷ ҳастанд, мушаххас шудааст.

Аз 24 моддаи қонуни забон дар 17-18-тои он роҷеъ ба забонҳои миллии халқҳои сокини ҷумҳурӣ сухан рафтааст. Пас дар ин ҷо гуноҳи рӯшанфикрон, алалхусус, омӯзгорон аст, ки ба мардум мазмуну моҳияти қонуни забони давлатиро дуруст тавзеҳ надодаанд. Боз як сабаби ҷузъии ин рӯйдоди манфӣ камбуди китобҳои дарсӣ дар мактабҳо мебошад. Қабл аз истиқлолияти Узбакистон китобҳои таълимӣ барои дабиристонҳои тоҷикии ин кишвар дар Душанбе чоп мешуд. Баъди истиқлолият ин анъана барҳам хӯрд. Нашри китобҳои дарсии форсӣ-тоҷикӣ ба дӯши худи ҷумҳурӣ гузошта шуд. Бисёр китобҳои дарсиро лозим шуд, ки аз нав тарҷума кунанд ё ки олимони кишвар худ таълиф намоянд. Ин амал албатта, фурсату замони муайян мехост. Ҳамин тариқ бисёр донишомӯзони тоҷик дар муддати 10-15 сол бидуни васоити таълимӣ монданд. Ин ҳам баҳонае шуд барои баъзе падару модарон, муаллимон ва мудирони мактабҳо барои бастани классу дабиристонҳои тоҷикӣ.

(ИДОМА ДОРАД)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
порсо
Чаноби Саиди САЬДИ! монед хамин гапхои кухнаро.Дигар мавзу нест ки инкадар зур занем хам Самар Бухор аз даст рафт. Дар узбакистон зиндаги мекунанд чи фарк дорад точики гап мезанад е узбаки. Ин маколахоро узбако хонда боз кинаву адоват дар байн зиед мешавад

laqay
Barodar ”porso” in gaphoi monro mahz shumo barin be ilmi siyosi doshta bar sari in millat bor karded,in mardak az jigarash xun rextestay shumo boshed dar fikri sadi (rogun) 135 metraed baroi xud nishon dihi.
Zaboni forsi-tojiki dar xudi Tojikiston niz zeri xatar ast . Agar ustod Rudaki zinda shuda ba bogi ”Rudaki” oyad shoyad dar taajub shavad ki chi qavme zimomi in millatro bar dush giriftaast ,javob albata ma'lum ast,ki Tojik holash taboh ast!!!

Саъди Бухоро
Пеши рохи хизбхои чосуси, ки дар Точикистон амал мекунанд гирифта нашаванд пора -пора шудани мамлакат дар Назар АСТ.!!!!!!!!! Мухтарам Саиди САЪДИ.

Зоиршо
Шумо мехохед ки Точикон хомуш шинанд барои ватани худашон даъво накунанд хато мекунед ин ватани мо Точикон мебошад Самарканд Бухоро ин сохтаи дасти гузаштагони ман мебошад узбако фикр накунанд ки мо хомуш мешинем бо найрангу хила Точиконро сарнагун карда ватану механашонро сохиб шуда истодаанд ин чангандози нест бигзор узбако фахманд ки онхо дар ватани мо мехмон хастанд ва ба мисли шерели чураев бар зиди ватани ман суруд нахонанд Намедонам ин шерали узбак даъвои чи дорад Ватан ватани мо бошад Рогун аз мо бошад дар ватани точикон Самарканд Бухоро Сурхондарё Фаргона ватани Бобогии мо зиндаги мекунан шарм надошта даъвои чи мекардабошанд модоме ки узбако барои Рогунро сохтан ба мо даъво кунанд пас чаро мо хап мешинем. Мо даъво ватани бобогиямонро мекунем ки узбако ба зури сохиб шудаанд ва бо Точикон дар Самарканду Бухоро Сурхондарё Фаргона зулм карда бо зури забони онхоро узбаки карда милати онхоро дар шиноснома узбак гузаронидаанд ин магар поймол кардани хукуки инсон нест ба чои он ки даъвои рогун кунанд бояд авал хукуки Точиконро баркарор кунанд ин режимро аз байн бардоранд. Дар Осиёи миёна аз- хама миллати кадимтарин ки халкаш бисёр мебошад Точикон мебошанд ва мо Точикон дар осиёи миёна давлату миллати Бузургу ачдоди будем ин давлат як руз боз баркарор мешавд ва Точикони тамоми дунё чи дар Самарканд бухоро Точикистон Авгонистон умуман тамоми дунё як шуда дар Осиёи миёна боз як давлати бузурги Точиконро баркаро мекунанд Худо хохад.
порсо,
порсо,

порсо
аз азал точикон ба сарзаминфуруши одат кардаанд аввал самарканду бухороро додем пас заминхоро ба чин додем холо ба киргиз хам медихем

Dev
порсо,
Tu porso nesti , agar porso budi chunin harfi nosazo dar hakki zabonu millati hesh namegufti ! Tuyu tubarinho fakat gururi mahal dored na gururi milli, ba hamina mo notavonu bechora.Aknun uzbakho honda kina megirand gufta , tarusjonavu ajuzona nishinem ? Ajab hargushi!!!

Масъалаи хуб? Хусусан. Чавонон,ки. Акадаи. ВАХОБИРО доран. Хатар дар милат дорад. Мо бояд. Сунати. Худро бишносем....

"ОЗОДАГОН" ман чияни шумо.Мавзуеро, ки пайгирй кардед то охир баред! Бо эхтироми зиёд Чиянатон Точик!

Самарқанду Бухоро
Бародар "порсо": Хар чи донад маззаи қанду набот, Кораи чав бошаду кунчи работ.

Хукумат бо хамсояхо муносибатро то дарачае вайрон кардааст ки окибаташ ана бо несткунии миллати точик меанчомад Хукумат дорон заминро бо син додо ин амалро голибияти дипломати медонанд ва дида истодем ки чинихо сол аз сол ба бахонаи фермериву сохибкори точикистонро забт карда истодаанд Бо узбекистону киргизистон муносибатхоро кандем аз яктараф афгонистон бо мухадироташ мондасту аз тарафи дигар чин ки охиста охиста точикистонро нест карда истодааст Модигар кор надорем факат хамсояхоро айбдор мекунем ва боре хам фикри накардем ки барои чи чахониён ба мо чунин муносибат мекунанд Чи кадсре ки “точдор“-у “ориёнтабор“ бошем бояд як лахза ба худ назар андозем ва хулоса барорем

Гуё пеш аз инкилоб Самарканду Бухоро дар дасти точикон буданду Шурави омада онро аз мо гирифта ба узбекхо дода бошад. Амир Олимхон узбеки мангити буд ва пеш аз у хам такрибан 1000 сол Бухоро ва Самарканд дар тасарруфи кавмхои турки буданд. Масъала он нест, ба фикрам, ки Самарканду Бухороро аз узбекхо бояд гирифт. Ин ду шахр ва садхо ахолинишинихои дигар акнун МОЛИ УЗБЕКХО ХАМ хастанд. Узбекхо дар хамин заминхо тавлид шудаанд ва хонаи дигар надоранд! Масъала он аст, ки адолату дусти миёни ду миллат бошад! Дар хама сарзаминхои узбеку точикнишин - аз Хоразм то Хуросон! Пеши рохи мачбуран узбеккунии точикон дар Узбекистон гирифта шавад, ба рушди фарханг имкон диханд, хакикати таърихиро нисбати точикон баркарор созанд. Ва точикон хам нисбати узбекхо одилона рафтор кунанд!
Ман точикам, агар касе донистан хохад.

Точвар
Мебахешд бародари азиз "Порсои нопорсо"-шумо заррае точикият надред!Чаро точики намехондаанд дар ватани ачдодии точикон Самарканду Бухоро ин хукуки онхост!Шумо бинед,ки ташкилотхои байналмилали дар Точикистон гох-гох оиди накзи хондану камбудихои хукукии узбакияи Точикистон менависанд,чизеро,ки касе барои хондан пеши рохашонро нагирифта,хатто то хол дар бархе аз шахру навохии Точикистони сохибистиклол точикон аз набудани мактаби точики дар мактабхои узбаки тахсил доранд!Узбакхо баъди 500 соли тахсил бо забони точики дар Афгонистон бо дастуру маслихати Узбакистон дар Афгонистон ба оузиш ба забони узбакия гузашта истоаанд медони ё не!Мо низ вазифадор,ки аз узбакон оиди хукуки точикон талаб кунем тарики ООН!Фахмиди!

Ба самари бесамар
Ту узбак набудаиву камакак узбакфеъл будаи .. хеч кас Самарканду Бухороро гирифтани нест.. балки Самарканду Бухоро аст ки бояд ману туя ба худаш гирад.. давлати мангитихо меги.. давлат хамма базабони точики буд.. мо намегем ки ин бадбахти Каримов бмбра мегем ки забони давлатия а кипчоки ки хоси ин сарзаминхо нест ба дарии точики бадал кунад , ки бо хуну рагу решаву сокаи хоку мардуми ин минтака албатта мардуми бумиаш гирех хурдааст.... то ин хазорсолахо ки сари кудрат сугд хам буд юнони хам туркман хам конце концов гузбак хам забон дари буд бар фарки зиндагии онхо хукм меронд..тамоми гуфтугухо кор бурданхо точики буд.. ин забоне ки Худо лаънат кунад- узбакия ин як забони сохта аст араби ва точикихоша гирем гух хам намемонад дар дохили ин забон фахмиди.. бесамар..бо бе- и майда..максад узбака гардонда Монголия фиристодан нест.. максад узбака гардонда одам кардан аст .. магар намедони ки узбаки фикр кардан ин нишонаи ахмакист.. одам набудан аст мо бо узбак проблема надорем бо фикр ва забони бадбуи узбаки ки барои башарият факат захмат офаридааст- мушкил дорем.. ту холи хеле чизхоя хонданат даркор ки мисли як точики солим ва окил фикр кардана ёд гири бесамар..

NAJOT DEH
HAZORHO BOR MEGUYAM HAQ BA HAQDOR MERASAD AGARCHI ASRHO DAR MIYON BIGZARAD NA FAQAD SOLHO AMMO XOINI MILLATU VATAN XOIN MEMONAD CHUNKI NASL DARNASLASH XOIN BUD VA HAST !!! UZBAK AGAR PADARU MODARI ASLIYASHRO ANIQ KUNAD GIRAD SAMARQANDU BUXORORO VA TOJIKISTONI HOZIRARO AMMO SUXANI GURUHE AZ BE AQLHOEKI INSHAHRHO QABLAN DAR DASTI TURKHO VAYO DIGAR MILLATHO BUDAN ORE AMMO ISTILOGARBUDAN NA SOHIBI ASLII IN SHAHRHO IN SHAHRHO TAMOMI DORU NODORI TOJIKHO HAST VA MEBOSHAD VA BARMEGARDAD. VA BAROI XOINHO JUZ MARG CHIZE NEST!!!

зоир
Бародарон дар узбакшавии точкон.узбакхо гунахгор нестанд.айби хамон Точикхои Самарканду Бухоро аст.Хеч кас мачбур намекунад вайхоро.Дар онхо номуси миллат нест вабарояшон миллат фарк надорад.Аз хама бисьер ЕВРЕЙХОРО таькиб карданд аммо ягон вак миллати худро нафрухтанд.Солхои бистуми асри гузашта дар аз даст додани Тереторияи ТОчикистон айбдор ФАЙЗУЛО ХОЧАЕВ,А,РАХИМБОЕВ, САДРИ ЗИЕ ва дигархо.ки точикан.Дар онхо хисси миллатпарасти нест.факат мансаб.Точикони афгон.ки гурда доштан худро пушту намегуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)