Тӯраҷонзодаҳо дар бораи закот аз ҷавоҳироти занон
Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар посух ба суоли корбаре ҳукми яке аз паҳлуҳои ҷавоҳироти занро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, гуфтааст, аз онҳо закот дода мешавад.
Ин торнамои исломии кишвар навиштааст, “дар ҷавоҳироти зан, аз қабили ангуштариву гарданбанди тилоӣ, агар 85 грамм бошанд, тибқи мазҳаби Ҳанафия закот воҷиб аст.” Ба навиштаи Turajon.org, аз 85 грам тилои тоза 2,5% (дуюним дарсад) закот дода мешавад.
Веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо мегӯяд, закоти ҷавоҳирот бар гардани худи занҳо воҷиб буда, мардҳо вазифадор нестанд, закоти онҳоро супоранд. Аслан закот яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки адои он барои ҳар фарди сарватманд фарз аст. Бар асоси қарори ахири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст.
Маркази таҳқиқотии Pew моҳи августи соли гузашта дар пайи як назарпурсии худ миёни сокинони Тоҷикистон эълон дошт, ки 66%-и назардиҳандагон гуфтаанд, закот медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |