Бахшҳо
03 мар 2014 21:14Тоҷикистон / Сиёсат

Муроҷиати Ҷумъабой Сангинов ба сокинони Бодканду Исфара

Мо ба мардуми минтақаи сарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд муроҷиат карда гуфтанием, ки имрӯз дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ягон мушкил ҷой надорад. Ин нуктаро Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

Ӯ, ки бо телевизионҳои давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, “мардум бояд ба кору бор ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ идома дода, ба кишту кори баҳорӣ машғул шаванду аз имкониятҳое, ки дар ин манотиқ аст, барои зиндагии худ пурра истифода баранд”.

Ҷаноби Сангинов, ки узви ҳайати музокиракунанда аст, мегӯяд, муносибатҳо дар минтақаи марзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд зери назорати мақомоти марказӣ ва маҳаллии тарафҳо қарор дошта, ҳолатҳои ғайриинтизори фавқуллода ҷой надорад.

Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон, ки ҳайати музокиракунандаи ин кишварро раҳбарӣ мекунад, дар суҳбат ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, “мо имрӯз нуқтаҳои пайванди манфиатҳои ду ҷонибро ҷустуҷӯ кардем, на ихтилофи назарҳоро. Ман хурсандам, ки ин нуқтаҳои пайвандро пайдо кардем”. Ба қавли Мамитов мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нурӯҳои марзбонии ду ҷониб вазифадор шудаанд, барои ба эътидол овардани вазъ бо мақомоти маҳаллии манотиқи сарҳадӣ талошҳо ба харҷ диҳанд.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 3 март дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ, истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ, тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ва роҳҳои назди онҳо, зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлатро ба баррасӣ гирифтаанд.

Даври навбатии музокирот қарор аст, охири моҳи марти соли равон баргузор шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
О ин рохи чудогона барои ворух аз хисоби тангии киргиз ки як вактхо тухфа карда будем бародарию баробари гуфта натичааш чи шуд?

Ба фикрам баъди ин суханхо ин мардак ягон вазифаи нагз мегирад, маълум ки барои вазифа шуда тайёр аст, заминхои бобоии мора ба киргиз бидихад.Чи хел шарм надошта мегуяд.ки ягон мушкил нест?

насим
ин гуфтугухо ба фоидайи киргиз анчом меебад рафик сангинов чи хел мардум ором нишинанд вакте ки коиргиз марзи моро убур кардаву забт мекунад то ба кай тахамул мекунад мардум барой чи точикистон мамитови исенгарро ба мулокот ва душанбе рох дод хамайи касофатихоро мамитов огоз кард агар минбаъд агар як порчайи замини точикистони азизро хукуматдорон аз даст диханд шуморо хеч вакт мардум намебахшад ва сархамзадайи точикон хохед шуд.

дипломатия ва шахсони масъули точикистон суст. зеро кариб 200000 гектар заминхо ки аз нохияи дайлаки киргиз то исфара заминхои точикистон мебошанд. агар чунин холат ба фоидаи киргиз мебуд онаша нишон медод. бояд ба хукуматдорони мо камтар решителность пайдо шавад. майлаш сархад руст шавад лекин аз даст додани замин ин бадбахтии халки точик мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)