Uznews.net: Гулнораву духтараш - Имон ду ҳафта боз дар ҳабси хонагиянд

Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон, наздик ба ду ҳафтаро баъди латту кӯб шуданаш, бидуни иртибот ва кумаки тиббӣ дар ҳабси хонагӣ пушти сар мекунад. Ин нуктаро торнамои uznews.net бо такя ба як манбааш аз Тошканд хабар додааст.
Ба иттилои торнамо, Гулнораи 41-сола ва духтари 15-солааш – Имон аз 17 феврал ба ин сӯ дар манзилашон дар шаҳри Тошканд дар ҳабси хонагиянд. Дар манзили духтари президент то даҳ корманди Хадамоти амнияти миллии Узбакистон қарор доштаанд: “Дар ин муддат онҳоро ду бор намояндаҳои сафоратхонаи Амрико дар Узбакистон аёдат кардаанд, зеро Имон Каримова-Мақсудӣ шаҳрвандии Амрикоро дорад. Аммо дар мавриди кадом як кумак чизе гуфта нашудааст.”
Манбаи uznews.net гуфтааст, 16 феврал Гулнора Каримова ба падараш -- Ислом Каримов мактуб навишта, аз ӯ барои дар хориҷи кишвар табобат гирифтан рухсат хостааст. Ҳамроҳ бо мактуб вай ташхиси тиббиеро, ки духтурони Исроил навиштаанд, ба падараш фиристодааст. Табибон гуфтаанд, Гулнора ба ҷарроҳӣ ниёз дорад ва ба ӯ тавсия додаанд, то ба Исроил биравад. Дар мактуб Гулнора гуфтааст, ба духтурони Узбакистон боварӣ надорад.
Ба гуфтаи манбаъ, ба далели низоъҳояш бо ашхоси таъсиргузори кишвар Гулнора тарс доштааст, ки ҳангоми ҷарроҳӣ дар Узбакистон имкон дорад ӯро бикушанд ё маъюб кунанд. “Аммо, рӯзи дигар ба ҷои посухи падараш ба манзили ӯ 20-30 фарди мусаллаҳ зери раҳбарии Муиҷон Тоҳирӣ, сардори Хадамоти амниятии президент ворид шудаанд. Онҳо дӯстписари Гулнора -- Рустам Мадумаровро зери мушту лагат гирифта, амр кардаанд, ки афроди дигари дар хона буда, бо шумули кӯдакон рӯ ба фарш хобанд. Имон дар ин вақт дар болин хоб будааст, ӯро бо зӯр ба рӯи фарш хобондаанд”,-навиштааст сомона.
Гулнора Каримова аз онҳо ордер барои ҳабс талаб кардааст, аммо посух гирифта, ки онҳо агар хоҳанд аз манзилаш маводи мамнӯъ, аз қабили маводи нашъадор ва силоҳ меёбанд: “Вақте муқобилият мекунад, Муинҷон Тоҳирӣ ба рӯяш шаллоқ мезанад”. Рустам Мадумаров, Гаян Авакян, Екатерина Клюева ҳамроҳи духтари якунимсолааш ва чанд нафари дигар, ки он вақт дар манзили Гулнора будаанд, низ ҳабс шудаанд.
Гулнора ва духтараш дар хона мемонанд, аммо баъдан аз онҷо фирор карда, ба манзили дӯстонаш ба Тошканд мераванд, аммо баъди чанд соат онҳоро пайдо мекунанд. “Муиҷон Тоҳирӣ ва Нодир Валиев, сардори қисми фаврии хадамоти амниятӣ Гулнора Каримоваро лату куб мекунанд”,-илова кардааст манбаъи торнамо.
-Баъдан, онҳоро дубора ба манзилашон оварда, дар ҳабси шадиди хонагӣ нигоҳ доштаанд. Шабонарӯзи аввал ба онҳо чизе надодаанд. Ҳатто аз даъвати табибон барои Имон, ки бемории қалб дорад, худдорӣ кардаанд,-меафзояд uznews.net.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |