Даргузашти Уктам Тилоев ҳангоми дарси наворбардорӣ аз сактаи қалб
Уктам Тилоев, наворбардори машҳури тоҷик, дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт. Ин коргардони тоҷик, ки бо тахаллуси "Октябр" низ маъруфият дошт, рӯзи 3 марти соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани дарси наворбардорӣ ба журналистони ҷавон бар асари сактаи қалб вафот кардааст.
Тилоев яке аз аъзои маъруфи Иттифоқи синамогарони собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ ба шумор рафта, аз соли 2009 ба ин сӯ, дар факултаи журналистика ва радиову телевизиони Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт.
Шумораи филмҳое, ки ба Уктам Тиллоев рабт дода мешавад, ба беш аз 60 адад мерасад. Аз зумраи филмҳои машҳуртарин, ки аз сӯи ин коргардони тоҷик ба навор гирифта шудааст, “Оташак дар кӯҳҳо (1958)”, “Одам пусташро иваз мекунад (1959)” ва “Амалиёти “ҷарроҳӣ”-и кобра” мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |