“Фирор”-и 21 гурезаи афғон аз Тоҷикистон ба далели бекорӣ (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 21 гурезаи афғон ба далели наёфтани ҷои кор Тоҷикистонро тарк карда, дубора ба Ватани худ баргаштаанд. Дар ин бора Наҷиба Ширинбекова, мудири иҷроияи созмони “Ҳуқуқ ва рушд”, ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ширинбекова мегӯяд, “гурезаҳои афғон далели аслии бозгашти худро дар мушкили ҳамгироӣ медонанд. Яъне, ҳар як паноҳанда мехоҳад, дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ширкат кунад. Ҳуқуқаш таъмин бошад.”
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон, ҳангоми қабули тағйиру илова ба қонун “Дар бораи гурезаҳо” гуфт, ҷониби Тоҷикистон барои қабули шаҳрвандони паноҳҷӯ бояд омода бошад. Номбурда бо ишора ба берун рафтани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон афзуд, “ҳоло маълум нест, бо берун рафтани низомиёни хориҷӣ вазъ дар Афғонистон чӣ гуна хоҳад шуд. Мо бояд шароити беҳтарро ба роҳ монем ва аз гурезаҳо, бахусус аз кишвари ҳамсоя пазироии хуб бикунем.”
Раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон илова кард, ҳангоми як сафараш ба Афғонистон мақомоти ин кишвар аз вазъи номусоиди гурезаҳои худ дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд: “Шояд як сабабаш нокомил будани қонунгузории мо буд. Хоҳиш мекардем, то гурезаҳоро дар Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва фарҳанги меҳмоннавозӣ қабул кунем.”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор хонаводаи афғон ба сар мебаранд, ки машғули кор буда, фаразндонашон низ ба мактаб мераванд. “Мо бо ин масъала ҳанӯз қабл аз даргириҳои дохилӣ машғул будем. Мардуми афғон инҷо кор мекунанд, фарзандонашон мактаб мераванд. Ин масъала ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ буд ва мо миннатдорӣ мешунидем”,-таъкид кард ӯ.
Ҷаноби Зуҳуров дар идома гуфт, аммо миёни гурезаҳо афроде низ ҳастанд, ки қавонинро риоя накарда, ба корҳои ғайр даст мезананд. Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ҳоле бо ҷойи кор ва маориф фаро гирифтани гурезаҳои афғон ҳарф зад, ки ба иттилои Наҷиба Ширинбекова дастрасӣ ба маориф ва шуғли соҳибкорӣ яке аз мушкили асосии паноҳандагон будааст.
Бино ба маълумоти созмони “Ҳуқуқ ва рушд” дар соли 2013 дар ҳудуди Тоҷикистон 2 ҳазору 48 нафар мақоми гуреза дошта, 2 ҳазору 271 нафари дигар муроҷиат кардаанд. Наҷиба Ширинбекова мегӯяд, маъмулан шаҳрвандони Афғонистон ва ҳамзамон Эрону Покистон хоҳиши ба даст овардани паноҳандагиро доранд ва дар ин муддат танҳо як хонавода аз Сурия дар Тоҷикистон паноҳгоҳ ҷустааст.
Гуфта мешавад, дар соли 2013 нӯҳ хонаводаи афғон, иборат аз 43 нафар, бо сабаби пайдо накардани ҷойи кор ва номусоид будани вазъ ба кишвари худ баргаштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |