Бахшҳо

VIDEO: Интернет -- роҳи осону бе дарди миён барои “ситора” шудан?

Интернет кори онҳоеро, ки мехоҳанд хеле зуд ситора шаванд, беҳад осон кардааст. Леди Гага, хонандаи булаҷаби амрикоӣ, барои маъруфияташ 80 дарсад бояд аз интернет сипосгузор бошад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам барои маъруф шудан аз интернет зиёд истифода мекунанд. Боймурод Оллоҳбердиев, мулаққаб ба “Ҷимии тоҷик” танҳо баъд аз он маъруф гардид, ки як дӯсташ навори сурудхонии ӯро дар интернет ҷой дод. Баъд аз ин Боймурод сатилбадаст қариб тамоми қаламрави Русияро гашт ва дар тамоми шоу-барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ “Ҷими-ҷими” хонд.

Аммо баъзеҳое, ки мисли “Ҷимии тоҷик” ҳунари сатилро доира кардану бо садои худ суруд хонданро надоранд, роҳи дигарро пайдо кардаанд: фонограмма. Ҳоло интернет моломоли чунин сабтҳост, аммо барои раддабандии имрӯз танҳо наворҳоеро интихоб кардаем, ки қаҳрамонҳо ё боҳунарона ин корро анҷом додаанд ё тамоман беҳунарона. Ва ҳам зимни рейтингбандӣ теъдоди бинандаҳои наворро низ ба назар гирифтем.



Мақоми чорум насиби гуруҳи ҷавонҳоест, ки тобистони гарму пахтачинӣ илҳомашонро бедор кардааст. Дар шарҳи ин навор навишта шудааст, ки он дар Ҳисор сабт шуда ва қаҳрамонҳояш донишҷӯёнанд. Вақтҳои ахир аз сӯи сохтмончиҳои муҳоҷири тоҷик чанд навор ба интернет роҳ ёфт. Шояд онҳо дарди ғурбат ва кори сангину мушкилии зиёдро бо ҳамин шева мехоҳанд сабук кунанд. Зинаи сеюми рейтинг марбути як чунин навор аст. Агар дар ин сабт амали қаҳрамонҳо як навъ ба “пародия” монанд аст ва ҳам наворбардори он маҳорати чандоне нишон надода, аммо дар видеои дигар иштирокчиён хеле ҷиддиянд. Аз ин лиҳоз он дар мақоми дуюм нишастааст.

Ҷои аввал насиби гуруҳи шашнафаре бо иловаи наворбардор аст, ки ҳам бо ҷиддият ва ҳам аз рӯи теъдоди бинандаҳояш аз он чӣ дидем, пешсаф мебошад. Онро то замони таҳияи гузориш беш аз 47 ҳазору 560 бор дидаанд.
Мӯҳр
Мусофир
Дар мусофири бо хамин рох гами дилро мебароранд. Боз агар дар чамъият чои санъаткорони асил холи монад, албатта дигарон бояд гиранд, Инчунин кандаша занад Чимии Точик харчанд маълумоти оли надорад вале мухлиси хеле бисёр дорад. Агар шахсиятхои машхур миллатро муаррифи карда натавонанд, муаррифии миллат ба души мухочирон меафтад, аниктараш афтодааст.

вокеан инсон бо ду амал машхур мешавад яке бо амали нек дигаре бо амали бад. Ин шухрати мухочирон боиси паскунии обруи миллати толчик аст вале ман хам мухочир будам баъзан аз зикии ва дурии ватан ин гуна сурудхо мехондем вале сабт намекардем. Имрузхо хабарнигорону журналистонам аз паи камбудихои мухочиронан. Ин рохбарони мо аст ки халки тьочик ба ин пасти задааст. Чаро шумо журналистон аз паи писарони раисон ки хар шаб дар дискотекахо ба корхои шахвонию гайри инсони даст мезанан ва сабт мекунан намеравед?

Сайф
Оли!!!!!! ташаккур " Озодагон" !!

Озодагон - сайти булачаб!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)