Марги сокини 24-солаи Ашт дар пайи задухӯрди гурӯҳӣ
Маъмурони пулиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд задухӯрди як гурӯҳ аз ҷавонон дар рустои Оппонро таҳқиқ доранд, ки як кушта ва як захмӣ боқӣ гузоштааст. Ин ҳодиса тақрибан ду ҳафтаи пеш ҳангоми билярдбозӣ иттифоқ уфтода, ҳоло омилонаш боздошт ва, ба қавли мақомот, мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Як масъули Шӯъбаи умури дохилии Ашт аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса, ба далели халал нарасондан ба тафтишот, худдорӣ кард. Ӯ танҳо гуфт, тафсилот баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳодиса расман аз сӯи пулис эълон хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ гӯиё задухӯрд миёни як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷику узбакзабони ноҳияи Ашт, ки аз рустоҳои Ғудосу Оппон будаанд, ба вуқӯъ пайвастааст. Як сокини ноҳия гуфт, ҳоло дар ҳама маҳофил гуфтугузори ин задухӯрд аст ва ба нақли шоҳидон ҷавонони узбакзабон бо зарби нӯҳ корд як ҷавони 24-соларо ба ҳалокат расондаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, яке аз ҷавонони узбакзабон ҳатто таҳдид кардааст, ки “тоҷикон бояд нобуд карда шаванд”.
Мусоҳиби мо аз Ашт афзуд, мақомот ҳоло оташи ин баҳсро хомӯш кардаанд, вале ҳамагӣ интизори натиҷаи таҳқиқи пулисанд, ки он бо чӣ анҷом хоҳад ёфт. Деҳаи Оппон, ки задухӯрди ҷавонон дар он ҷо иттифоқ уфтодааст, маҳалли аксаран узбакнишини ноҳияи Ашт ба ҳисоб рафта, ҳар ҳафта рӯзи шанбе бозори калон низ баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |