Хашми Раҳмон аз воқеаи Кунмин ва паёмаш ба Сӣ Ҷин Пин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме ба ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷин Пин дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар ин кишвар, ки ҳудуди 30 кушта ва маҷруҳи зиёд барҷой гузоштааст, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ гуфтааст, "бо камоли андуҳу ғазаб хабари ҳамлаи ғаддоронаи террористиро ба шаҳрвандони бегуноҳи Чин дар истгоҳи роҳи оҳани Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, дарёфт намудам. Ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур – терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст. Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем."
Маврид ба зикр аст, ки як гуруҳи мусаллаҳ бо кордҳо рӯзи 1 март дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмини Чин ба шаҳрвандони қаторӣ ҳамла карда, 29 кушта ва 130 маҷруҳро барҷой гузоштанд. Пулис, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, 4 нафарро кушта бархеро боздошт кардааст, аммо гуруҳи дигар фирор кардаанд.
Мақомоти Чин ин ҳамларо муташшакалинона ва интиҳорӣ хонда, онро кори дасти ҷудохоҳони исломӣ аз ноҳияи Шинҷон арзёбӣ мекунанд, ки мухторият ва қатъи фишорҳо болои динашонро талаб мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |