Бахшҳо
03 мар 2014 15:18Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Баҳси сохтмони 2 пул, роҳ ва гузаргоҳҳо миёни ҳайатҳои Душанбеву Бишкек

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи 3 март дар Душанбе оғоз ёфта буд, бо имзои протоколе анҷом ёфт.

Муродалӣ Алимардон (Алимардонов), ноиби нахуствазири Тоҷикистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ ва истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзиро баррасӣ кардаанд. “Инчунин, музокиракунандагон тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ё купрӯк ва роҳҳои назди онҳоро низ баҳс намуданд”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи муовини нахуствазири Тоҷикистон, "ҳамзамон зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат қайд карда шуд. Илова бар ин, аз сар гирифтани кори гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ матраҳ гардид.”

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти сарҳад ва ҳалли бӯҳрони марзӣ, ки дар пайи тирпаронии 11 январ ба вуҷуд омад, ҷараён гирифт. Ин ҳайатҳоро Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Тоқон Мамитов раҳбарӣ доранд.

Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, ки дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ ба Бишкек фаро хонда шуда буд, низ дар ин мулоқот иштирок кард. Вале то ҳол маълум нест, Саралаев ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон хоҳад монд ва ё дар танҳо дар музокироти навбатии Душанбею Бишкек иштирок карда, дубора ба ватанаш бармегардад. Чаро ки мақомоти Қирғизистон ҳангоми фаро хондани Саралаев гуфта буданд, то анҷоми таҳқиқи тирпаронии 11 январ Урмат Саралаев ба Тоҷикистон барнахоҳад гашт.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара ба сардӣ гароид. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.

Вале ҷониби Қирғизистон низ дар ин масъала кӯтоҳ наомада, ангушти иттиҳомашро болои марзбонҳои тоҷик дароз кард ва бо ирсоли се нота аз Вазоарти умури хориҷӣ хост, то ин қазияро шарҳ диҳад. Бишкек иддао дорад, ки тирпаронӣ аз сӯи марзбонҳои тоҷик оғоз шудааст ва ба ин далел марзашро яктарафа баста, сафирашро низ барои “машварат” боз хондааст.
Мӯҳр
Чи инхо шаф шаф доранд кадом боз пул байни Точикистону Киргизистон???Таърих ин шахсонро намебахшад,ки аз паи ухдаи кори худ намебароянду ба тамоми гуфтахои киргиз розиги медиханд..Сархадаш аз сараш монад бигузор баста бошад ...Барои мо чунин хамсояи чанчоли лозим нест бигузор ин рох сохта нашавад...Шумо ягон дарача ору номуси милли доред ё не...Бедор шав миллати азизам,ки ин пулмастон замини туро порча порча фурухта истодаанд!!!!!

Боз хамин масалахо охир гузаргохояшро боз мекунад вале киргизхо халки зирак хаст пурра масалахорро дида набаромадааст. Чунки онхо медонад чи кунад бо точики содда.. медонад, мансабдорони мо барои кори худашону тичорати худашон.... Боз як гурух точирон бурд мекунанду лек барои халки камбагал пуч..... масалаи Ворух яъне гирифтани заминхоямон пурра аз киргизхо.... аммо афсус!!!!

ваё всетаки рахашона месозан, точикистон рохи доими пайдо накард, офарин

РАСМИ КАЛОНХОИ ТОЧИКРО ДАР ПЕРЕГОВОР БО КИРГИЗХО МЕБИНИЮ ХАНДААТ МЕОЯД, АЛИМАРДОНОВ, ХАЙРУЛЛОЕВ, РАИСИ ЗАМИНРО ХОБ БУРДА ИСТОДААСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)