Зоири ДАВЛАТ,
пажӯҳишгари масоили Ховари Миёна
ҚИСМИ АВВАЛ
ҚИСМИ ДУВУМ
Баъзе коршиносон, масалан профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Марк Катс, бар ин назаранд, ки ҳар кас бихоҳад-нахоҳад Эрон дар кори Сурия дасти расо дорад. Кашмакаш дар Сурияро бе ҳамкории Эрон ҳал кардан душвортар аст.
Ширкати Эрон дар музокирот оид ба Сурия муваффақияти онро кафолат намедиҳад, вале аз Эрон сарфи назар кардан кафолати бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот аст. Аммо ҷониби Эрон дар ин масъала чӣ хоҳад кард? Дар ҳоле ки Эрон саргарми қазияи ҳастаияш мебошад, буҳрони Сурия барояш чӣ аҳамият дорад? Дар натиҷа, ҳарду қазия бо ҳам печидаанд. Масъала имиҷи нави Эрон дар сиёсати байналмилалист. Ин бошад ба якчанд омил (фактор) вобаста мебошад.
Минҷумла, мавзеъгирии Арабистони Саудӣ, ки талош дорад то бо тағйир додани вазъияти Сурия нерӯи асосии пешрав дар Ховари Миёна дошта бошад. Арабистони Саудӣ Эронро ҳамчун спонсори асосии инқилоби шикастхӯрда дар Баҳрайн, нооромиҳои Лубнон ва Сурия медонад. Ба илова, ба назар мерасад, Теҳрон бо муваффақият шиаҳои давлати Ироқро ба самти худ ҷалб мекунад. Бағдод ҳам бо Теҳрон барои боқӣ мондани режими Сурия ҳамкории ошкор мекунад. Вале, ҳеч тарафе намехоҳад, ки режими Бағдод суқут кунад ва террористҳои “Ал-Қоида” дар Ироқ қудратро ба даст бигиранд.
Ҳукуматҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Амороти муттаҳидаи арабӣ шиаҳоро аз Исроил таҳдиди сахтттар ҳисоб мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки хавф аз Эрон кишварҳои мазкурро бо Ғарб бештар муттаҳид мегардонад. Ба фарқ аз шиаҳо, ки Эрон бевосита онҳоро дастгирӣ мекунад, сунниҳо “сарпарасти асосӣ” надоранд. Шояд Қатар ва Либия сунниҳоро дастгирӣ кунанд, аммо ба ҳар сурат захираи онҳо камтар аст. Баъзан саудиҳо исломгароҳои сунниро кумак мекунанд, агар онҳо фаолияти низомӣ ва зиддиғарбиро кам кунанд. Хулоса, бо набудани “бонкдори ҷиддӣ” исломгароёни суннимазҳаб наметавонанд вазъиятро дар Ховари Миёна ноором кунанд.
Ҳамчунин исломгароҳои суннимазҳаб сарчашмаи умедбахши аслиҳа надоранд. Шиаҳо бошанд Эрон ва Русияро доранд. Гуфта мешавад, шӯришиёни Сурия аз ИМА барои гирифтани аслиҳа ва вуруди он аз тариқи Либия, дастгирӣ меёбанд, ки Арабистони Саудӣ ва Қатар пули онро пардохт менамояд. Арабистони Саудӣ ҳаргиз “Ихвонулмуслимин” ва ҷонибдорони онро сармоягузорӣ намекунад. Баҳрайн “Ҳизбуллоҳ”-ро гурӯҳи террористӣ эълон кард, аммо Иттиҳодияи Аврупо ин корро накардааст.
Исроил, ки Эронро хатари рақами як дар минтақа медонад, табиист, ки исломгароҳои шиаро низ душман медонад.
Баъзан дар васоити ахбори омма истилоҳи“Ҳилоли шиа” (Шиитский полумесяц) истифода мешавад, ки Эрон, Лубнон, Ироқ ва шарқи Арабистони Саудиро дар бар мегирад ва дар ин манотиқ асосан пайравони мазҳаби шиа сукунат доранд. Баъзан ба Сурия низ, ки теъдоде аз алавиҳо дар он зиндагӣ доранд, ба “Ҳилоли шиа” иртибот доштанаш ишораҳо мешавад. Аз нуқтаи назари стратегӣ ҳалқаи шиаҳои ҷонибдори Эронро дар навбати аввал Чин, Русия ва кишварҳои ноҷӯр бо НАТО ва ИМА, ба монанди кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Куба дастгирӣ мекунанд. Ғарб бошад дар посух ба ин амалкарди “мухолифонаш” ҳалқаи сунниҳои исломгароро, ки зидди Сурия ва ҳампаймонони эрониаш ва “Ҳизбуллоҳ” нигаронида шудаанд, дастгирӣ менамояд. Хулосаи калом, ҷанги сарди нав миёни Ғарб ва боқӣ кишварҳои ҷаҳон зери пӯшиши ҷанги шиа ва суннӣ дар Сурия ва умуман минтақаи Ховари Миёна ором-ором аз умқ ба авҷи худ мерасад.
Аммо баргардем сари ин масъала, ки таҳлили чунин мавзӯъ барои Тоҷикистон чӣ аҳамияте дорад? Мавҷу авҷи ҷанги шиаву суннӣ хоста-нохоста эҳтимол ба кишвари мо Тоҷикистон низ бетаъсир намонад. Зеро Тоҷикистон як кишвари суннимазҳаб аст, аммо бо Эрон, ки шиа мазҳаби расмии он аст, муштаракоти забониву фарҳангӣ дорад. Васоити ахбори русизабон ва умуман байналмилалӣ кашмакаши Сурияро дигар “ҷанги шиа ва суннӣ” мегӯяд, ки ин ҳатман ба зеҳни бинандаву шунаванда таъсир мерасонад. Аз ҳамин ҷост, ки “бино ба тахминҳои мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон аз ду ҷониб ширкат доранд ва умдатан ҳамаи онҳо тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафта ё дар донишгоҳҳои кишвари арабӣ таҳсил мекарданд” (сарчашма сомонаи “Радиои Озодӣ”). Табиист, ки дар чунин ҷанги бемаънӣ касоне ҷалб мешаванд, ки бо иллати камсаводӣ, тундравӣ ё нашъаманд будан ба як кишвари бегона рафта, ҷонбозӣ мекунанд. Аммо, қисмати асосиро касоне ташкил медиҳанд, ки “таассуби мазҳабӣ” доранд. Чунин “таҳсилкардагон” дар кишварҳои арабӣ, ки барои “ҷиҳод”ба Сурия ё Афғонистону ҷойе дигар мераванд, умдатан “суннимазҳабҳои якрав” ҳастанд ва мухолифони онҳо “шиамазҳабҳои тундрав”, ки ба эҳтимоли қавӣ дастпарварони мадориси шиа бошанд.
Ба ҳар сурат, ширкаткунандагон дар ҳарду ҷабҳа бояд ба муҷозот кашида шаванд. Аммо, чӣ бояд кард, ки як мусулмони тоҷик ба чунин роҳ наравад? Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои телевизионии “Калима” ва “Висол”, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешаванд, раванди шиабадбиниро дар байни қишри мазҳабии Тоҷикистон шадидтар мекунад. Аз сӯйи дигар, канали “Аҳли байт”, ки аз Олмон ё Амрико пахш мешавад, шахсе аз миллати ҳазора бо исми Аллоҳёрӣ пайваста аҳли суннатро ба танқид мекашад, ки он ҳам боиси бештар шудани бадбинӣ нисбат ба шиаҳо мешавад. Аммо чанде пештар уламои Эрон изҳор дошта буданд, ки донишмандони шиа ҳаргиз чунин шабакаҳоро дастгириӣ намекунанд ва моил ба тақриби мазоҳиб, яъне наздик намудани мазҳабҳои исломӣ ҳастанд. Теъдоди чунин шабакаҳо албатта андак нест ва ҳар мазҳабу маслакбарои манофеи худ таблиғот мебаранд.
Аммо чунин бадбинӣ ва таҳаммулнопазирӣ асосан дар байни онҳое дида мешавад, ки бештар ба салафия гароиш доранд. Дақиқтар бигӯем, бадбинӣ миёни Салафия ва Шиа мебошад, на миёни Ҳанафия ва Шиа. Инро метавон аз баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет бо осонӣ пай бурд.
Маълум аст, ки барои кишвари мо дар ин раванди босуръати ҷаҳонишавӣ аз ҳама муҳимтар суботу оромиву истиқрор аст. Аммо, қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мехоҳанд доираи нуфузашон вусъат ёбад. Барои ин аз абзоре мисли ҷанг андохтан дар кишварҳои хурд истифода мекунанд. Барои ҷанг баҳона лозим аст. Замоне ки аз як кишвари хурд мисли Тоҷикистон чандин нафар барои “ҷиҳод” ба як кишвари аз нигоҳи забону мавқеияти ҷуғрофӣ бегона мераванд, қудратҳои нуфузхоҳ метавонанд аз онҳо дар дохили кишваре ором суъистифода кунанд...
Бояд ба таъкид расонд, ки беш аз 200 ҳазор аҳолии Тоҷикистон, асосан аҳолии Бадахшон, пайрави мазҳаби шиаи исмоилия мебошанд ва дар тӯли таърих онҳо бо суннимазҳабҳои ҳамсояи хеш ҳечгуна мушкилот надошта, ҳамзистии пайравони мазҳаби шиа ва суннӣ дар ин минтақа шоистаи таҳсин мебошад. Аммо, касоне, ки дастхуши чанги таассуб мешаванд, арзишҳои олии инсониро аз ёд бурда, қурбони дасисаҳо ва бозичаи дасти дасти бозингароне мешаванд, ки бо найранг “ҷанги сард”-ро бо либоси “ҷиҳод”-у “ҷанги мазҳабӣ” ҷилва медиҳанд.