Бахшҳо
01 мар 2014 09:00Тоҷикистон / Тема дня

Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини “Застава”, “Гранат” ва “Леер” овард

Русия пойгоҳи низомии 201-и худ дар Тоҷикистонро бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини навъи “Застава”, “Гранат” ва “Леер”, ки бештар ба умури ҷосусӣ пешбинӣ шудаанд, муҷаҳҳаз кардааст.

Ярoслав Рошупкин, намояндаи Округи низомии марказии Русия, дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Tvzvezda” гуфтааст, ин навъи ҳавопаймоҳо барои шиносоӣ ва ошкор кардани нурафканиҳои радиоӣ тарроҳӣ шудаанд. Ба гуфтаи Рошупкин, ин ҳавопаймоҳо, ки навъи ҷадид мебошанд, ба хотири ҳимоят аз нерӯҳои низомӣ ва истифодаи самараноки тӯпхона пешбинӣ шудааст.

Намояндаи Округи низомии марказии Русия дар шарҳи гуфтаҳояш, илова кардааст, ҳавопаймоҳои “Застава” ва “Гранат” барои аксбардорӣ ва ба навор гирифтани маконҳои зарурӣ сохта шуда, навъи “Леер” бошад, қудрати ошкор кардани нуқтаҳои нурафканӣ дар диапазонҳои радиоро дошта, инчунин метавонад ба кори сигналҳои радиоӣ дар мавҷҳо халал ворид кунад.

Пойгоҳи низомии 201 соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-и артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфтааст. Воҳидҳои низомии он дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақаранд. Ин пойгоҳ ҳудуди 7 000 аскару афсар дошта, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нерӯҳои хушкигарди ин кишвар дар берун аз марзаш дониста мешавад.
Мӯҳр
Сафдар
Оё бо Точикистон мувофика шудааст?Мардуми точик чаро намедонад?Хамсояро худо медихад.Бо толибон низ хамсояи боакл дил ёфта метавонад.Алалхусус,ки онхо иронинажод хастанд!Кариб пурра мустамлика шуда рафтем!

Хизматгори уруси бовичдон бошу, чураи толибу афгон не, урус намешуд аз афгон бадтар ва кафо будем.

haqi
Сафдар сафсата нахон агар хохи худат пеши толибон рафтан гир.

Хакикати холро гирем Точикистон як вилояти мухтори Русия мебошад. Русия ин хавопаймохои бесарнишинро махс барои химоят аз мучохидон ба Точикистон овардааст. Аз аввали асри 19 то имруз мо точикони мусалмон ба русхои комунист мустамлика мебошем. Зиёда аз 100 сол мешавад Русия моро хамчун гулом истифода мебарад. Дар вокеъ мо точикони мусалмонро русхо аслан инсон намехисобад. Ба ин хама зулму фишори Русия нигох накарда хукумати Точикистон ба хотири тарс аз мансаб муддати буду боши афсарони русро тамдид кард. Мо мардуми Осиёи Маркази ки 100 сол пеш хамаги мардуми озод будем. Бояд озодии пешинаи худро ба даст оварем ва аз ин русхои истилогар худро озод кунем. Мардуми минтакаи Осиёи Миёна ки аксараш дар дини Ислом мебошанд бояд хукумати мохам Исломи бошад на демокративу комунисти. Чунки демократия бо Ислом мухолиф аст. Демократи конунест барои бединхо. Аммо мо мусалмонхо конуне дорем ки аз чониби парвврдигори олам ба мо омадааст, ки куръон мебошад. Конуни мо сохтаи инсон нест. Конуни мо мусалмонхо конуни Аллох мебошад.

сармад
ин пойгохи ачнабиро хатман аз хоки поки вватан берун кардан лозим бубинед инхо дар украин чи балвоеро бо бахонайи химояи русхо ва пойгохи низомиашон ба сари давлат овардаанд.Ин миллатчиен чунин икдомхойи нопокашонро метавонанд бар сари мо точикон низ рузе ба бор оранд .рафик президент хушер бошед монед хамин миллатгарохоро гами миллатро хуреду инхоро аз хоки ватан берун намоед.

Ба гумонам мисли мардуми Ироку Афгонистон дигар зери назорат мемонем. Чаро дигархо бояд чой ва маконхои стратегиву иншоотхои "махфии" моро бубинанд? Дахлнопазирии хаёти шахси чи? Росс мисли Амрико ният дорад чойхои нозук ва фоидаоварро (барои худаш) ошкор созад. Хукумат боз муттахам буд, аст ва мемонад.

носир
Бо толибон низ хамсояи боакл дил ёфта метавонад.Алалхусус,ки онхо иронинажод хастанд
киат гуфт ки толибон ориёнажоданд. инхо яхуднажод мебошанд, факат китоб бештар хондан даркор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)