Иттиҳоди Аврупо ба ҳимоят аз Олга Тутубалина хест
Иттиҳоди Аврупо аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, нигаронӣ карда, онро латма ба озодии матбуот дар Тоҷикистон хондааст.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 28 феврал бо нашри як баёния ба ин қазия дахл карда, мақомоти давлатии кишварро ба иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба озодии баён даъват кардааст. Ин ниҳоди аврупоӣ гуфтааст, ҳамеша омодааст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти озодии матбуот ҳамкориро идома диҳад.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |