Бахшҳо
28 фев 2014 15:32Тоҷикистон / Сиёсат

Барканории Хайруддин Тӯраев ва Соҳибназар Раҳмонов

Бино ба иттилои манобеи муътамад, сардори хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи байналмиллии Душанбе -- Хайруддин Тӯраев барканор шуда, ҷои худро ба Шодибек Ҷалолов додааст. Манбаъ мегӯяд, ин тағйирот тақрибан як ҳафтаи пеш иттифоқ уфтода, иттилои бисёре дар бораи сардори нав надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Раҳмонов, ки тайи шаш соли охир ба ҳайси муовини вазири тандурустии Тоҷикистон кор мекард, аз мақомаш барканор гардидааст. Як манбаи муътамад аз вазорат ба “Озодагон” гуфт, ин барканорӣ ду рӯзи пеш сурат гирифта, то ҳол касе ба ҷои Раҳмонов таъин нашудааст.

Вале Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори мо ин иттилоъро тасдиқ ва ё такзиб накард. Ӯ танҳо гуфт, “агар барканор шуда бошад, хабараш тариқи телевизион эълон хоҳад шуд”.

Раҳмонови 51-сола, зодаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд буда, маълумоти олии тиббиву иқтисодӣ дорад. Ӯ соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ ва соли 2004 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз хатм намудааст. Соҳибназар Раҳмонов бори аввал моҳи феврали соли 2008 ва бори дуюм моҳи декабри соли 2013 муовини вазири тандурустӣ таъин шудааст.


Дар акс: Соҳибназар Раҳмонов (чап) ва Хайруддин Тӯраев (рост)

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
дустдори Ватан
сад хайф, ки фидоиёни миллат аз маком барканор мешаванду хама хомуш... ба кучо равонем?????????????????? сабаки зиндаги !!!!!!!

эксперт
Бародар,дустдори Ватан! Ватанхохи дар патхалими будааст. Бародар Рахмонов ки содикона барои халк хизмат мекарду патхалиму лагандбардор набуд, имруз барои ин тоифа даркор нашуд. Чи хизматхои арзанда карда буд.Афсус .... ва хеч гап не!!! ИН абармарди майдон хеч хор нахохад шуд.

Олимназар
Сохибназар ягон фидоии миллат нест, у як кардиолог асту халос, касонеки ба у мурочиат менамуданд у нигох мекард, агар бемор сохиби ягон амал хатман хоб мебонид агар бемор одами одди ахамият намедод. Магар чунин одам фидоии миллат? Хеч гап нест аз вазифа гирифтаанд, кам-кам заминам нигох кардан лозим.

Комрон
"......маълумоти олии тиббиву иқтисодӣ дорад"
ДАҲШААААААТТТТ

Кучагард
дустдори Ватан,
сад ва хазорхо хайф, ки фидоиёни хакикии миллат БА маком ХЕЧГОХ таъйин намешаванду хама хомуш... ба кучо равонем?????????????????? сабаки зиндаги !!!!!!!

Дустдори ватан
Олимназар,? чурачон "Бузургонро бузургон кадр карда метавонанд"

Олимназар, инро хам бидонед, ки "кадри зар заргар бидонад"

Vatanam Tojikiston
Sad Afsus ki in khel mardhoro az kor megirand. Rahmonov va Turaev boyad vazifai baland dod. Man shahkhsan hardu in insonhoro meshnosam. Masalan Turaev az rui insof kor mekunad va har korgari aeroport medonad ki Turaev chi hel shakhs ast..

Олимназар
дустдори Ватан? Аввалан нафахмидем,ки шумову Сохибназаратон инкадар бузург будаед..,дувум он чизе,ки ман навиштам аз нигоху дидаи худ навиштам, шояд мутахассиси хуб бошад, лекин хамчун инсон эътикод надорам.Вазорат бояд чои одамони пок бошад.

хайрон
Шармандахо, гирифтани будед ду мох пеш аз нав тасдик намекардед! Садкаи сиёсати кадри шавед!

Озодбахт
[b]Комрон.
Такие как ты, не имеют право здесь Комментировать!!!

bo mo fikr kardem muovinoi vazirhoham kulobiyand.

коршинос
Ба Эксперт!!!!!!
Эксперт хам сафсатагу мешудааст-да.

кулобибача
Олимназар бародар! Хар кас дар доираи фахмиши худаш бахо медихад! Ту ки хамин кадар фахми, худованд сариштат кна! Бо аккоси саг турна аз рохаш намемонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)