Муфтӣ: “Намози занон дар масҷид аз сар гирифта мешавад, агар...”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, масоҷиди кишвар ҳанӯз ҳам барои ибодати занон мувофиқ нестанд. Ӯ рӯзи 28 феврал дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, эҳтимол ин қарор баъд аз азнавсозии масоҷид бекор шавад.
“Ин қарор дар соли 2005 содир шуда буд, ба далели он ки дар масҷидҳо шароит барои таҳорату ибодати занон мавҷуд нест. Аз ин хотир, ин маҳдудият ҷорӣ шуд, то нашавад, ки ба ҷои савоб гуноҳи бештар бигирем. Агар шароит беҳтар шуд, ҳатман ин қарор бекор карда мешавад, чун догма нест”,-афзуд ӯ.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, дар сурати фароҳам омадани шароит Шӯрои уламои Маркази исломӣ барои роҳ ёфтани занон қарори иловагӣ содир хоҳад кард.Дар зимн, раиси Шӯрои уламо дар пайи нишасти хабарии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ин бора ба суоли хабарнигори мо низ қисман посух дода буд, ки навораш инҷост: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |