Бодканд мехоҳад, вобастагияш аз Тоҷикистонро коҳиш диҳад

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон мехоҳанд, бо таъсиси истгоҳи ҷудогона аз интиқоли нерӯи барқ тавассути қаламрави Тоҷикистон даст кашанд.
Таалайбек Ибраев, мудири кулли “Хатти барқи миллии Қирғизистон” зимни нишасти хабарие гуфтааст, Бонки Осиёи Рушд барои харидории таҷҳизоти ин истгоҳ 39,8 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Номбурда инчунин илова кардааст, Бонки исломӣ низ барои бозсозии истгоҳҳои “Қизил-Аскар”, “Восточная”, “Қаросӯ” 25,6 миллион доллар қарз медиҳад.
Ибраев таъкид кардааст, тасмим доранд, аз истгоҳи “Ало-Арча” то хатти нерӯи барқи маҳалли “Бистровка–Фрунзенская” хатти интиқоли нерӯи барқи ҷадид кашида мешавад, ки қаламрави Тоҷикистонро давр мезанад.
Вилояти Бодканд дар минтақаи ҷанубу ғарби Қирғизистон ҷойгир буда, ҳаммарзи вилояти Суғд мебошад. Ин тасими мақомоти ҳамсоякишвар дар ҳолест, ки 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон задухурди мусаллаҳона ба миён омада, мақомоти Бишкек бо вуҷуди дар қаламрави Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара сурат гирифтанаш сарбозони тоҷикро муттаҳам доранду марзи худро ба таври якҷониба баста,а сафири худ дар Душанберо ба ватан хондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |