НАТО гуфтааст, дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина нақшае рӯи даст надорад
На ИМА ва на НАТО нақшаи комиле дар сурати дахолати низомии Русия ба корҳои дохилии Украина дар масъалаи нимҷазираи Қрим надорад. Дар ин бора Reuters бо такя ба изҳороти расмии намояндаи НАТО Филип Бридлав хабар додааст.
Генерали амрикоӣ, ки фармондеҳи Паймони Атлантикаи шимолӣ дар Аврупост, гуфтааст, НАТО ҳеч гуна амалиёти хосе дар робита ба ҳаводиси Украинаро коркард накардааст. Ба қавли Филип Бридлав ӯро ҳам мисли дигарон вазъи Украина нигарон кардааст, аммо дар нақшаи кории вай масъалаҳои муҳимтаре ҳастанд: “дар ҳоли ҳозир мо сари коркарди кадом як чораҳои ҷавобӣ майна об намекунем. Мо ҷонибдори ҳалли сулҳомези ин мушкилем”.
Дар ҳамин ҳол, Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё ҳам дар изҳороте аз Русия даъват кардааст, ба тамомияти марзии Украина арҷ бигзорад. Аз ин пештар Чак Хейгл, вазири дифои ИМА дар мавриди ҳаводиси Қрим ба Русия муроҷиат карда гуфт, аз амалиётҳое, ки метавонад баъдан “нодуруст” баҳогузорӣ шаванд, худдорӣ варзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |