Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси Идораи замини ноҳияи Айнӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи раиси Идораи замини ноҳияи Айнӣ ва мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Чкалов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора Шерхон Салимозода, додситони кулл иттилоъ дода, афзуд, “Нозимов -- раиси Идораи замини Айнӣ ва Расул Бобоев -- мудири пешини бахши сармоягузории шаҳри Чкалов дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ бемасъулятиву беэътиноӣ зоҳир намуда, мутаносибан баррасии 61 ва 32 муроҷиати шаҳрвандонро таъмин накардаанд, ки зимни санҷиш ошкор гардид”.
Салимзода, ки дар ин бора дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ сухан мегуфт, афзуд, “Бобоҷонов ва Нозимов манфиатҳои дар қонун ҳифзшавндаи шаҳрвандонро поймол намудаанд, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”.
Ба қавли номбурда, “қонуншиканӣ дар мавриди қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар шаҳру навҳоии Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, Вахш, Қумсангир, Рӯдакӣ, Панҷакент, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Исфара, Зафаробод низ ошкор шуда, нисбат ба гунаҳкорон чораҳои қонунӣ андешида шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |