Бахшҳо
28 фев 2014 09:20Тоҷикистон / Сиёсат

“Ҳамла” ба дафтари ҲНИТ ва халалдор шудани ҷаласаи Кабирӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз мавриди “ҳамла”-и занон қарор гирифтани дафтараш дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад. Масъулини ин ҳизб мегӯянд, рӯзи 27 феврал ду сокини маҳаллӣ ба дафтари ҲНИТ ҳозир шуда, талош кардаанд, ҷаласаи фаъолони ҳизбро дар минтақа барҳам зананд.

Тибқи иттилои торнамои расмии ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҳизб “ташриф”-и занонро амали тарҳрезишуда хонда гуфтааст, “ин занонро Иброҳим Исмоилов, собиқ сарҳанги пулис, яке аз ходимони аршади “Фронти халқӣ” раҳбарӣ мекард ва ин “ҳуҷум” қаблан аз ҷониби доираҳои номаълум тарҳрезӣ шуда буд.”

Ба қавли Сайфуллозода, “ҳамла”-и занон ба дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, шӯъбаи амният, додситонӣ, шуъбаи минтақавии Вазорати умури дохилӣ аз баргузории ҷаласа бо ҳузури раҳбарияти ҳизб огаҳӣ доштанд: “Тамоми шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ин ҷаласа огаҳ карда шуда буданд, то амниятро ба зимма бигиранд, ҳол он ки ҳеч кас аз масъулини ниҳодҳои фавқуззикр ба қароргоҳ ҳозир нашуд.”

“Ҳамла”-и занон ба қароргоҳҳои аҳзоби сиёсии кишвар бори аввал нест, дар гузашта низ чунин занҳои “исёнгар” ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ду бор ташриф оварда, ҷаласаи ин ҳизбро бекор карда буданд.

Бори аввал, моҳи декабри соли гузашта, ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи ҲСДТ, ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард. Ҳар чанд раҳбарияти ҲСДТ мегӯяд, борҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора шикоят бурда, талаби расидагӣ ба ин қазияро кардааст. Вале ба қавли Зоиров, Шуъбаи кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе дар ин бора хомӯширо авло медонад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Shoyad hukumati Tojikiston az raisi sobiqi Libiyo sabaw girifta boshad ki baroi himoyati khud faqat dukhtaronro istifoda meburd

О то кай мисли кудаки аз даст чочакафтида нола мекунед? О ду зани лакки будааст, печонда ба додгох фиристед. Мешинеду худро бечора хисобида. Ариза нависед. Хай нашуд чор марди богайратро киро кунеду "хамла" кунедашон. Айб аст, айб!

Точик
Фронти халки хам акнун дар пушти занон бачо мешавад. Аз ХНИТ ин кадар метарсанд.

Кулоби аз чгп
Агар Иброхим Исмоилов аз мардуми Кулоб химоят мекард,барои чи фасли зимистони сард мардуми Кулобшахр хамаги 7-соат бармегиранд, як маротиба нагуфтааст,ки барои чи ба мардум барк дода намешавад. Ё дар хама макомотхои давлати ришвагири ба дарачаи олияш расидааст,ягон маротиба дахон намекушояд.

Иброхим Исмоили баъди ноонромихои Украина боз худро реклама карда истодааст.

Ser
Ё тавба..Ин акои Сайфуллозодамон тамоман гузаронид..Агар хизби нахзат аз ба кавли худашон "хамла"-и ду нафар зани кулоби ин кадар ба вахшат афтода бошанд, чи гуна тобу бардошти наъраи шеронро мекарда бошад. Ба назарам хеле хуб мешавад, ки холо хам, ки сари вакт аст огои Кабири бо хизбаш ч,улу пустакашонро аз ин шахр бардоранд. Бо ин мардум сар ба сар шудан бо думи шер бози карданро мемонад...

Соро
Ин хукумати мо хам ачоиб будаст, о гиреду хамун ХНИТа бандед, чон халос. Вакте занон бар зидди онхо мебароянд маълум меша, ки онро намехоханд ё ки барои чомеаи мо нодаркор аст. Барои чи зидди ХХДТ ин корро намекунанд?

Точикак
Мардум аз пайи фатхи мирриху ин халки точикам бечора хатто сиёсати давлатияш хамин чорта занак шуду рафт. Дигар на чои шарму хаё мондаасту на мардигари. Ба кавли русхо "слабо" ки бароеду гуед эй халки точик шумо ба сари мо хукуматдорон сарбориед, хайр равед бо Путинчон шартнома бастем хамаатонро кабул мекунад, монед хамин чорта суми чамъ кардаамонро бемалол хазм кунем ё не.

Барои ки ту Соро ва ту Ser барино ё одамои ххдт меше ё ки чоплусаке ба кавле хокзанаки ххдт мебоше. у занакое ки ту меги МААХСУУС таёр шидагиян.
и хокзанакора хокшон тамомшава чимекарда бошан?!

нур
хори сари рохи ХНИТ бисйор.ЗИК НАШАВЕД!!!!!!!
ГУЛ БЕ ХОР НАМЕША......................
НАГЗ КИ МЕБИНАНД ОЗОР МЕДИХАНД!!!!!!!!!!

Эх устод Кабири кам дарси Устод Нуриро омухтида

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)