Бахшҳо
28 фев 2014 08:36Тоҷикистон / Сиёсат

“Қудратманд шудани сунниҳо ба нафъи Исроил нахоҳад буд”

Зоири ДАВЛАТ,
пажӯҳишгари масоили Ховари Миёна


АВВАЛАШ ИНҶОСТ

Агар амиқтар назар кунем, мебинем, ки ин мубориза аз марзҳои як миллату давлат убур карда, дар баъзе ҳолатҳо, масалан агар гуруҳи “Давлати исломии Ироқу Шом”-ро дар мадди назар бигирем, хусусияти глобалӣ ба худ касб кардааст.

Ба осонӣ метавон хулоса баровард, ки дер ё зуд ҳукумати Асад суқут хоҳад кард, зеро ба ҳар сурат бо командааш ақаллият мебошанд ва кумаки хориҷӣ ба он ҳам бо мурури замон коҳиш меёбад. Аммо чаро бо дарки ин масъала, хамоно Русия намехоҳад аз ҳимояти режими Асад даст бикашад? Эҳтимолан, чунин тағйирёбӣ дар низои Сурияро Маскав дар мадди назар нагирифта буд ва умедвор буд, ки бо дастгирии режими дунявӣ намегузорад, ки ба ҷойи он исломгароҳои тундрав сари қудрат бирасанд.

Давлати Башшор Асад бошад, ба тадриҷ нуфузашро дар бештари қаламрави Сурия аз даст дода, манфиати аксарияти аҳолиро таъмин кардан наметавонад. Аббос Милонӣ раҳбари Барномаи эроншиносии Донишгоҳи Стендфорд бар ин назар аст, ки “на Маскав ва на кишварҳои ғарбӣ намехоҳанд, ки дар Сурия исломгароҳои тундрав ба сари қудрат бирасанд. Дар оянда Русия сайъ хоҳад кард, ки бо Амрико, Туркия, Арабистони Саудӣ забон ёфта, ҳалли қазияро ба тавре пайдо кунад, ки ҳадди ақал як андоза нуфузашро дар Сурия, дар пойгоҳи баҳрии Тартус, баъзе сармоягузориҳои дигарро аз даст надода, як режими эҳтимолӣ барои иваз кардани режими феълиро пайдо намояд”.

Милонӣ, инчунин, мегӯяд, барои Маскав танҳо Сурия муҳим нест, балки манфиатҳое дорад, ки бо Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Миср ва Қатар муштарак мебошанд. Нерӯҳое, ки бо “Ал-Қоида” иртибот доранд ва зидди режими Асад меҷанганд, таркиши Волгоградро ба Русия ҳамчун “қасос” нишон доданд. Ба ҳамин хотир Маскав талош мекунад стратегияашро дар ин росто иваз намояд.

Ду-се сол пеш Эрон ба Русия ва Русия ба Эрон ниёз доштанд. Феълан авзоъ дигар шудааст. Эрон оғӯшашро ба Ғарб боз мекунад ва ин ба манфиати Русия нахоҳад буд. Шумораи сунниҳо дар тамоми ҷаҳон наздик ба якуним миллиард мебошанд. Шиаҳо нисбатан хеле камтаранд. Дар Русия 95%-и мусулмонон суннимазҳабанд. Ба назар мерасад, ки Русия бо ин ки низои чандмазҳабӣ дар Сурияро пай бурдааст ва режими Асадро бо нерӯҳои шиамазҳаби “Ҳизбуллоҳ” ва милитсияи Ироқ дастгирӣ мекунад, аз ин масъала сарфи назар намекунад.

Бояд гуфт, ки аз чаҳор миллион аҳолии Лубнони ҳамсояи Сурия 35% пайрави мазҳаби шиа ва 30% суннимазҳаб мебошанд. 35%-и боқимондаи аҳолиро масеҳиён ташкил медиҳанд. Бештари шиаҳои Сурия ва як қисмати шиаҳои Лубнон шиаи алавӣ мебошанд. Алавия дар асри 9 аз ҷониби фақеҳ Абушуъайб Муҳаммад ибни Нусайр поягузорӣ шудааст. Ба сабаби пӯшида амал кардани ҷамоаи алавиҳо, диндории ин фирқаи мазҳабӣ хуб омӯхта нашудааст. Онҳо тактикаи “тақийя”-ро ба кор мебаранд, ки бо “ҳифзи имони ҳақиқӣ дар дил”, дар ҳузури дигарон метавонанд расму равиши мазҳабҳои дигарро анҷом диҳанд. Ҳанӯз дар нимаи аввали асри 20 шайхҳои алавӣ дар бораи ба мазҳаби шиа тааллуқ доштани фирқаи алавиҳо якчанд бор изҳорот додаанд. Президенти собиқи Сурия Ҳофиз Асад (падари Башшор Асад) ба наздикшавии ҳарбӣ-сиёсии Сурия ба Эрони шиамазҳаб майлону гароиш дошт. Аз соли 1973 шиаҳо алавиёнро ҷузъи ҷаҳони шиа медонанд.

Аммо сунниҳо, ба хусус салафиҳо, алавиҳоро гумроҳ медонанд. Яке аз асосгузорони салафия Ибни Таймия таъкид намуда, ки алавиҳо ба мусулмонон зиёну зарар меоранд ва муносибату равобити иҷтимоӣ бо онҳоро барои мусулмонон нораво хонд.

Дар ҳоли ҳозир зидди ҳукумати конститутсионӣ дар Сурия, шӯришгарони суннимазҳаб меҷанганд. Ин ҳолат дар Сурия бори аввал нест. Дар солҳои 1976 то 1982 ҳизби Баъс, ки котиби генералии он Ҳофиз Асад буд, бо суннимазҳабони ин кишвар, ки аз ҷониби “Ихвонулмуслимин” роҳбарӣ мешуданд, муборизаи мусаллаҳона бурда буд.

Шиаҳои Лубнон бошанд дар ҳаракатҳои “Амал”, ки баъдтар “Ҳизбуллоҳ” ном гирифт, муттаҳид шудаанд. “Ҳизбуллоҳ”, ки маънои он “Ҳизб (партия)-и Аллоҳ” мебошад ва дар пояи принсипҳои идеологии асосгузоштаи Имом Ҳумайнӣ ташкил шудааст, ҳаракати қаввӣ буда, артиши он иборат аз 9-10 ҳазор сарбози мусаллаҳ мебошад. Ин ҳаракат кумаки молӣ ва низомиро аз Эрон ва Сурия дарёфт мекунад. Авзои Лубнон нисбат ба Сурия муддатҳо боз босуботу оромтар аст, зеро шумораи шиаву сунниву масеҳӣ дар он тақрибан баробар буда, вазни сиёсии ин ҷамоаҳо низ баробар аст.

Сунниҳои Лубнон дар ҳаракати “Мустақбал” гирди ҳам омадаанд, ки роҳбари он Саъд Ҳарирӣ, писари сиёсатмадори суннӣ ва сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ, мебошад. Дар куштори Рафиқ Ҳарирӣ размандагони “Ҳизбуллоҳ” ширкат доштаанд. Дар ҳолати суннигардонӣ (суннизация)-и Ховари Миёна нуфузи сунниҳо дар Лубнон ҳам бештар мешавад. Ҳамзамон, муносибати ноҷӯри сунниҳо ва шиаҳо шиддат меёбад. Дар сурати ба сари қудрат омадани сунниҳо дар Сурия эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки алавиҳо ҷазо дида, ин раванд ба рондани шиа ва масеҳиҳо бурда мерасонад. Агар дар Лубнон сунниҳо вазни сиёсии бештар бигиранд, эҳтимол аст алавиҳо барои дастгирии режими Башшор Асад ва “Ҳизбуллоҳ” барои қатли Рафиқ Ҳарирӣ мавриди ҷазо қарор бигиранд, ки ин боиси ҷанги шаҳрвандӣ шуда, масеҳиёни лубнонӣ низ наметавонанд дар ин росто хомӯш биистанд.

Сустшавӣ ё нобуд шудани “Ҳизбуллоҳ”, аз як нигоҳ, ба манфиати Исроил ягона кишвари яҳудӣ дар минтақа хоҳад буд. Зеро “Ҳизбуллоҳ” ҳамчун ҳаракати мусаллаҳ ва дорои таҷрибаи зиёди ҷангӣ барои Исроил таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меравад. Ба хусус, дар ростои коркарди чоҳҳои гази ахиран кашфшуда дар тунукоба (шелф)-ҳои баҳри Миёназамин, ки барои бахше аз он Лубнон низ даъво дорад. Роҳбари “Ҳизбуллоҳ” чандин бор изҳорот дод, ки намегузорад Исроилу сионистҳо гази лубнонро бидузданд ва ба бунгоҳҳои нафту гази исроилӣ ҳамла хоҳад кард. 14 июли соли 2006 ракетаҳои “Ҳизбуллоҳ” корвети неруҳои низомии баҳрии Исроил “Ҳанит”-ро, ки аз соҳил 16 километр дуртар ҷойгир буданд, зарба зада буд.

Аз дигар ҷониб, қудратманд шудани сунниҳо низ ба манфиати Исроил нахоҳад буд. Пайомадҳои ҷанги беинтиҳои Исроил бо “Ҳамос” (Ҳаракати муқовимати исломӣ)-и суннимазҳаб, ки бахши фаластинии “Ихвонулмуслимин” дониста мешавад, ба ҳама маълум аст. Яъне, дар ояндаи наздик, на шикасти шиаҳо ва пирӯзии сунниҳои тундрав дар марзҳои шимолии Исроил ба манфиати он дониста намешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бердикул
Ачабам меояд.Ин чи дин аст ислом.Хамаги пайравони будоия бо Чину Мочинашон кайхонро фатх кардаанду ин уммати муслим ба чангхои мазхабиву афсонахои хазор сол пеш сурудаашон ба чанг куштори хам машгуланд.Ислом фалсафаи кави надорад.Фалсафаи чангу кушторро яхуду насоро барояш тархрези кардаву барохат тамошо доранд!

tahlili behtarin....agarchi hizbulloh bo isroil davoi muqovamat doradu khudro homii muslimin va muqaddasoti islom medonad vale ahdosi akhir ki dar suriya ruy dod isbot kard ki in hizb dar in kashokash ki bayni hizbi baasi bedin bo sardorii bashori asad va ahli sunnati surii mszlum betaraf nest....balki sadho muqotilonashro ba suriya baroi hifoz az in nizomi bedin mefiristad

4
Бердикул,

Ту аз хамон номат ки буданат маълум аст. Хар чи донад маззаи канду набот, ту кучову Ислом кучо.

Дар бисёр давлатхои исломи чихеле ки мебинем чанг рафта истодааст Ин сиёсати гарбихо ва исроилихо мебошад Он хо мусулмононро бо дасти худи онхо нест карда истодаанд Онхо дида истодаанд ки бисёр мардуми чахон исломро кабул карда истодаанд асосан одамони шинохта ва онхо инро ба худ хатарнок мешуморанд

Рустам
Мухтарам 4 , Бердикул лоакал ном дорад, хайфи ту барин инсон, ки хатто ном хам надори. Дар хакикат дигар халкхо фикри таксими коинотро доранду Шумо донотарошон аз кафои афсонахои худ саргардон якдигарро кушта гаштаед. Хайфи Шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)