Боздошти қочоқбарони қурут аз Тоҷикистон ба Қирғизистон
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти қочоқчиён дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар давоми як шабонарӯз 4 шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии коло ба Тоҷикистон ё баракс боздошт шудаанд.
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 26 феврал дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо вилояти Суғд ду сокини маҳалии ин минтақа дар ҳоле боздошт шудаанд, ки ба таври қочоқ қасди интиқоли 2 ҳазору 300 дона ниҳоли зардолу ба Тоҷикистонро доштаанд.
Инчун манбаъ мегӯяд, худи ҳамин рӯз ду сокини вилояти Ӯши Қирғизистон низ боздошт шудаанд, ки мехостанд аз Тоҷикистон ба ватан тавассути қисми марзбонии “Қара” 10 тона меваи қоқ ва 2 тона қурут интиқол диҳанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан низ дар пайи баста шудани марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ба таври яктарафа аз афзоиши қочоқчиён хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, танҳо дар давоми як рӯз ду шаҳрванди кишварашро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт кардааст.
11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон задухурди мусаллаҳона ба миён омада, мақомоти Бишкек бо вуҷуди дар қаламрави Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара сурат гирифтанаш сарбозони тоҷикро муттаҳам доранду марзи худро ба таври якҷониба бастаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |