Муҷозоти афсари амният барои ҳамхобагӣ бо духтари мактабхон
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Суҳроб Давронов, афсари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошимро барои муносибати маҳрамона бо духтари ноболиғи мактабхон аз ноҳияи Ишкошим ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.
Давронов, ки масъули Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Ишкошим будааст, ба боварии хонаводаи духтари мактабхон даромада, бо ӯ муносибати маҳрамона барқарор кардааст.
Ин қазия баъди он ошкор шуд, ки Давронов , соатҳои 5-и субҳи 2-юми майи соли 2013 мавриди латту кӯб қарор гирифта буд ва барои ин чанд ҷавон боздошт шуда буданд. Дар пайи ин сокинони Ишкошим баён доштанд, ки афсари амният дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст. Дар натиҷа нисбати афсар тафтишоти хизматӣ оғоз шуда, бо маҳкумияти ӯ анҷомид.
Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, давоми як соли охир дар натиҷаи баррасии 13 парванда нисбат ба 14 афсару сарбоз бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои мухталиф ҳукми судӣ бароварда шудааст. Ба иттилои манбаъ бештари мурофиаҳои судӣ ба таври сайёр, дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ баргузор шудаанд, ки ба ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо байни афсарону сарбозон равона гардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |