Зимни нишаст, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ гардида, барқарор намудани фаъолияти дуҷонибаи комиссияҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, масоили марбут ба таҳкими масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, ривоҷи иншоотҳои хурди обӣ, зиёд намудани квотаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои сатҳи минтақавӣ бо истифода аз имкониятҳои кишвари иқомат ҷонибҳо ибрози назар намуданд.
Ёдрас менамоем, дар баробари супоридани эътимоднома аз ҷониби сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ба президенти Украина Виктор Янукович 6 апрели соли 2011 бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф бо вазорату идораҳои кишвари иқомат як силсила вохӯриҳо ба нақша гирифта шуда буданд.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |