Бахшҳо

VIDEO: Баҳси Убайдуллоев ва Салимзода дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми феврал зимни гузориши Шерхон Салимзода дар назди аъзои Маҷлис хост, ҷинояткории кормандони прокуратура ва роҳ ёфтани шахсони тасодуфиро ба ин ниҳод шарҳ диҳад.

Убайдуллоев аз ҷумла Рустам Олимов, ёвари додситони кулли Тоҷикистон ва Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯроободро ном бурд, ки барои фасодкорӣ маҳкум шудаанд.

Дар посух Салимзода даст ба ҷиноят задани бархе аз кормандони додситониро таъйид карда, афзуд, ки воқеан мешаванд, ҳолатҳое, ки шахсони тасодуфӣ ба прокуратура роҳ ёфта ҷинояткорӣ мекунанд: “Мо кӯшиш мекунем , ки чунин ҳолатҳо кам шаванд.” Убайдуллоев таъкидан афзуд, ки “чунин ҳолатҳои ҷинояткорӣ набояд миёни кормандони Шумо бошад. Шахсони тасодуфиро ба прокуратура роҳ надиҳед.”



Убайдуллоев инчунин аз афзоиши нақзи қонуни танзими расму оин нигаронӣ карда, дар хитоб ба Салимзода ва мақомдорони дигари ҳузурдошта дар ҷаласа афзуд, чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама миёни мою шумо сар мезананд: “Гарчанде аз қабули қонун дар бораи танзими расму оин вақти зиёд гузашт, нақзи ин қонун майли афзоиш дорад.” Раиси Маҷлиси Миллӣ аз додситони кулл хост ҷилави ин зуҳуротро гирад, чун ба гуфтаи Убайдуллоев ҷинояткорӣ дар маҷмуъ дар кишвар майли афзоиш дорад.

Дар посух Шерхон Салимзода таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон сари ҳар 100 ҳазор сокин 215 ҳолати ҷинояткорӣ рост меояд, ки нисбати кишварҳои дигари минтақа камтар аст. Аммо Убайдуллоев таъкид кард, ки ба ченаки кишварҳои ҳамсоя нигоҳ кардан даркор нест, зарур аст, ки ҷинояткориро дар Тоҷикистон кам кунем.

Салимзода барои боз ҳам кам шудани ҷинояткорӣ ва пинҳон намондани ҷиноятҳо, аз ҷумла дар самти танзими расму оин гуфт, зарур аст, ки раисони ноҳияҳо ва мансабдорон дар маҳалҳо бо мақомоти прокуратура ҳамкории бештар кунанд: “Мо талошҳоро дар ин самт бештар мекунем.”

Дар маҷмуъ зимни ҷаласаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 36 масъала баррасӣ шуда, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед, раиси феълии Бадахшон муовини раиси Маҷлиси Миллиӣ, Фарҳод Раҳимов, президенти Акдемияи улум, раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти он интихоб гардиданд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
раис
Офарин чаноби Убайдуллоев! Ба фикрам аз хамаи хамин мансабдорони хозира Шумо дар катори аввал меистед.

А
Мумкин ки тамоми прокурорхо аз хамон шумо мегуфтаги одамони тасодуфи бошанд

Тч
Убайдуллоевба гап нест, бисер шахси бузург аст! Рохбари арзанда аст

Ин мисли як кудакбозист, ки дар он рол мебозанд.Бинед кадом аъзои хукумат ки камтар хато кард чиноятхояшро мекушоянд ки ба акл рост намеояд. Пас маълум мешавад, ки хама аъзоёни хукумат чинояткоранд. Ман хисси бадбини нисбат ба хукумат надорам вакте ки холи мухочири точикро дидам хато гиристам ва лаънат ба он мансабдоре ки хуни мардум мехурад гуфтам.

Бе ном
Офарин Махмадсаид Убайдуллоев Шумо ба гап нест ва гап хам хеч вакт набуд. Одами рост дар хама чо гапи худашро мегузаронад. Нисбати Шумо барин рохбар ман коил будам хастам ва мемонам. Бошед доимо саломат.

Бе ном. Бошед саломат-дар гирди арча. Агар дар Мачлиси Холи спектакл набошаду ин гапхо рост бошаду ба якдигар шрик набошанд, Салимзода як бозорхои поитахтро аз чихати коррупсия санчад, баъд мефахмад, ки Ки Киро ба вазифа таъин мекунад. Ба порагири ва мардумро озор додану халкро мукобили давлат хезондан. Президентро фиреб додан. Ин аст спектаклхои Убайдуллоев.

порсо
убайдуллоев боз мепурсид ки прокуророн ба вазифахо чи тарз тайин мешаванд ва баройи чи кормандоне хастанд ки саводи комил доранд дар хакикат мутахассиси дарачайи оли хастанд ба вазифахойи баланд тайин намешаванд аммо шахсони бесаводу нолоикро тайин мекунанд.Боз дар макомоти прокуратура як амали гайрикьонуни чори шудааст ки прокуроре ки бопринцип кор мекунад намехохад тобейи раи сони вилояту шахру нохия бошад агар ин раисхо ба апппарати президент е худи президент шикояти беасос кунанд е ягьон ашоси ба макоми боло дар тамос шавад хатман он прокурорро е аз вазифа мегиранд е супориш медиханд ки уро аз макомот хорич намоед.Ин аст рафикон давлату давлатлории точикон ба гуфтае мохи аз сараш вайрон мешавад е об аз боло лойаст то замоне ки сатхи макоми боло тозакор нашаванд конуну конуният намешавад...

benom
порсо,
Hukumati mo medonad hudashon 4i kor karda istodaand janobi Oli bovari karda onhoro sari vazifa mondaast, baroi hamin mo mardum az kujo medonem 4i gap hast!!! ham janobi Sherhon Salimzoda va ham janobi Mahmadsaid Ubaydulloev fardoni okilu boakloni hukumat meboshand!

taj
раис,
Afsonahoro gush nakun barodar.

Дар бораи писарамакаш началники паспортнистоли фархор чизе нагуфт?

шухратхон
Хамаи суханхоро гуфтед, аммо ман чунин хулоса мекунам!
Ширу шакар бо якдигар омехта.......!

шер
Офарин М Убайдуллоев Шумо марди кордону бо заковатен худо нигох дорад Шуморо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)