Бахшҳо

Раиси ҲСДТ: "Мегӯянд, ки дар Тоҷикистон барои ту ҷо нест"

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки ҳамзамон раиси Консорсиюми юридикист, аризаи даъвогии хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов аз болои ӯро сохта ва кори дасти мақомот донист.

Наздикони Маҳмадраҳим, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар зиндони рақами 1-и Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, Зоировро барои пахши ахбори бардурӯғ муттаҳам карда, аз ӯ ёздаҳуним ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ хостанд. Онҳо гуфтанд, раиси Консорсиюми юридикӣ бидуни асос дар бораи гӯиё аз сардӣ фавтидани Маҳмадраҳим дар утоқи ҷаримавии зиндон хабар пахш кардааст, ки боиси зарбаи моддиву равонӣ диданашон шудааст

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, аслан ин хабарро кормандони зиндон тавассути чанд нафар ба ӯ расондаанд, то паҳн кунад ва ҳадафашон беобрӯ кардани ӯст. “Дар чандин самтҳо чунин корро ба роҳ мондаанд ва ягона ҳадафашон беобрӯ ва берун кардани ман аз Тоҷикистон аст. Яъне, бо ин роҳ мехоҳанд ба ман фаҳмонанд, ки дар Тоҷикистон барои ту ҷой нест, ту аз Тоҷикистон баромада рав, набошад аз мо халос намешавӣ”,-афзуд Зоиров.

Ӯ илова кард, баъд аз дастрас шудани аризаи даъвогии наздикони Маҳмадраҳим Саидов мавқеи худро мушаххасан баён карда, далелҳоеро барои сохта будани ин даъво пешниҳод хоҳад кард. “Хабари фавтидани Саидовро ба ман аз дохили маҳбасхонаи №1 ба воситаи зиёда аз 5 нафар пешкаш карданд. Ман вақте аз онҳо пурсидам, ки ин иттилоъ дақиқ аст, ба ман гуфтанд, ки мо шоҳиди зинда ҳастем, ки Саидовро ба ШИЗО бурданд ва дар ҳамонҷо фавтид”,-гуфт ӯ.

Раҳматилло Зоиров рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад. “Мо ҳоло ин масъаларо пурра таҳқиқ накардаем. Чизе, ки дар даст дорем, ҳамин иттилоъст”,-навишта буд Зоиров. Вай дар идома аз Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, хоста буд, бо истифода аз ҳуқуқаш ба ин масъала расидагӣ кунад.
Мӯҳр
Мухтарам Зоиров бо ин тухматхо сабр кун.Дар Точикистон гайри ХХДТ дига хама ;гунахкорай;

Чамшед8808
Инро чихел фахмем мухтарам Зоиров? Аз ин маълум мешавад, ки Шумо сафсатагуй хастед. Касе ба Шумо чизе гуяд шумо бовар мекунед? Ана акнун чи хел мо чавонон ба Шумо бовар кунему сиёсати Шуморо дастгири кунем? Ака як хабари дига дорум бгум? Хамаи чода Овоза кун, ки Рузи шанбе момаи ГАДОЙБИ бо шавхараш АШУРБОЙ кащмокаши кардаанд, дар натича кампири Гадойбиро чашми чапаш кур шудааст. Инро ба хама расон Зоиров. Бовар кун хама таърифат мекунан, ки ика хабари зура аз кучо ёфти гуфта!

Точикистони нав
Чаноби Зойиров, агар гап сари хакки ватандори равад, шумо хамчун як шахрванди часуру сиёсатмадори раиятпарвар аз хамаи ин калу курхои навбаромад бештар ба ин Ватан хак доред. Касе, ки аз шумо талаб мекунад, ки ватанро тарк кунед, фардо мардуми точик худаш онхоро аз ватан берун хохад кард. Бо мо мардум бошед. Мо бо шумоем.

Одамхудо
Офарин!чони гапа гуфти!касе,ки дилаш барои ин марзу бум ва ин мардуми дармондаву бепушту панох месузад,сохиби аслии ин сарзамин аст!

Точикистони нав
Ман агар бархезам,
Ту агар бархези,
Хама бармехезад.

Сохиб
Точикистони нав,
Баланди бад нахез, ки Агар яки афти хуншор мешави.

Рустам
Точикистони нав, Угам мна чом созай не, хичо намехезум...

Алишер
Мо метавонем.Хама ба пештдустони азиз!!!

сорбон
рахматулло шумо натарсида аз пайи икдомхоятон шавед ино на ин ки шумо мехоханд хамайи мардуми точик аз ватан берун раваду худашон монанд лекин инхо ба максадашон намерасанд рузе мешавад хар яки инхо подоши худашро мегирад

РАШИД
ТУ ХУДУТ ПЕШ ДРО МО АЗ ПАСИ ТУ РОСТШ МЕКУНЕМ ЯКЕ БО НАТАРСИ КИ БКАНИЮ ГРЕЗИ...

Исфараги
Чамшед8808,
Чамшутбек ТОЧИКИ гап заданро ЁД гир!Инчо ЛАКАЙИСТОН нест!....

Dev
Zoirovi aziz , agar ba hosti in guruhak monem , pas baroi 95 % -i mardum dar RT joj nest.Zik nashaved

Ахмад
Точикистони нав, Як бор "Аз хоби гарон" хеста будем. sad

Раиси ХСДТ Рахматуллои Зохиров Кист ?

сардори ХСДТ Раҳматилло Зоиров кист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)