Боздошти муфаттиши Додситонии ҳарбӣ барои талаби пора
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Фозилҷон Азизуллоев, муфаттиши Додситонии ҳарбии Душанбе, барои гирифтани ришва боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ, муфаттиш Азизуллоев дар доираи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Раҳмонов оид ба беэҳтиётӣ бо силоҳ, ки боиси марги инсон шудааст, сарбози дигар Абдуқодир Ҳотамовро бо баҳонаи пурсиш даъват карда, таҳдид кардааст, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори қаровул (посбон) барои беназоратӣ аз болои сарбоз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад.
Ба иттилои манбаъ, баъдан Азизуллоев ба воситаи роҳбарияти қисми низомӣ падари сарбоз – Саймуддин Ҳотамовро ба назди худ даъват карда, барои халос кардани писараш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 2 ҳазору 500 доллар талаб намудааст.
Манбаъ афзуд, муфаттиши додситонии низомӣ ҳангоми гирифтани пора боздошт шуда, ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, алайҳи Азизуллоев 23 феврал парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, феълан ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |