Саҳифаи динии торнамои TopVideo.tj дастнорас шуд
Фаъолияти бахши динии саҳифаи Topvideo.tj, портали видеоии тоҷикӣ, қатъ карда шудааст. Масъулини ин саҳифа далели масдуд кардани бахши динии худро гузарондани корҳои профилактикӣ унвон кардаанд.
Вале як манбаи муътамад дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бахши динии саҳифа Topvideo.tj комилан баста шуда, ин иқдом дар пайи даъвати масъулони Кумитаи дин аз мақомоти интизомӣ сурат гирифтааст. Ахиран Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хоста буд, алайҳи сомонаҳои интернетии динӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ғиёсов рӯзи 20 феврал дар ҷаласае оид ба риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияњои динӣ" бо зикри номгӯи бархе аз торнамоҳои динии кишвар иброз дошт, ки фаъолияти ин торнамоҳо гӯиё боиси сар задани ихтилофот дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик мебошад: “Мехоҳам диққати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба масъалаи зикршуда ҷалб намуда, хоҳиш намоям, ки нисбат ба сомонаҳои интернетии динӣ чораҳои зарурӣ андешанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |