Видеои дашномдиҳии низомиён ва баҳси фарҳанги қудратиҳои тоҷик
Ҷой додани як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки муносибати дурушт ва алфози қабеҳи масъули ниҳоди интизомии Тоҷикистонро нисбат ба тобеин ва корафтодагон инъикос мекунад, гуфтугузорҳоро дар бораи фарҳанги пасти бархе аз кормандони қудратии тоҷик ба бор овардааст.
Дар ин навор, ки зоҳиран дохили идораи интизомӣ гирифта шудааст, як зани корафтода дар замин ғалтида, доду вой мекунад. Шаҳрванди дигар дар либоси ғайринизомӣ хоҳиш дорад, ки ба доди онҳо расанд, аммо масъули ин ниҳод аз дидани ин ҳол нороҳат шуда, ба дашномдиҳӣ оғоз мекунад.
Ӯ махсусан тобеинашро дашном медиҳад, ки чаро чунин афродро ба идораашон роҳ медиҳанд. То ҳол маълум нашудааст, ки ин навор кай ва дар кадом идора сабт шудааст. “Озодагон” ин навори видеоиро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт ва бо ҳазфи дашномҳои сахт қабеҳаш ба Шумо пешниҳод мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |