“Независимая газета”: Майдони Киев ба Душанбе мекӯчад, ё Бишкек?
“Независимая газета”, нашрияи чопи Маскав, сафари Ричард Ҳоугленд, ёвари муовини вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро ба баррасӣ гирифта, мегӯяд, Вашингтон мехоҳад, тарҳи солҳои 2005 ва 2006-и худ дар мавриди боқӣ монданаш дар Осиёи Марказиро аз сар гирад.
Ин нашрия гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоле мехоҳад, ин баҳсро зинда кунад, ки вазъияти сиёсии Тоҷикистон номуътадил буда, норозигии мардум аз давлат рӯ ба афзоиш овардааст. Илова бар ин, ба навиштаи “Независимая газета”, вазъ дар Афғонистон, ҳамсоякишвари Тоҷикистон низ дар ҳоли тағйир ба самти бадшавӣ аст.
“Коршиносон бар инанд, ки дар пайи тағйири қудрат дар Украина мардуми илҳомгирифтаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки аз мақомоти худ норозиянд, эҳтимол дорад, “майдони Киев” дар бархе аз онҳо, аз ҷумла Тоҷикистон созмон дода шавад”,- таъкид шудааст, дар матлаби ин нашрияи русӣ. Дар идомаи матлаби “Независимая газета” оварда шудааст, ки аз замони ваколати сафирии Ричард Ҳоугленд дар Душанбе равобити ҳасанаи Амрикову Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Сипас, ба ишоари он, дар пайи ошкорсозиҳои Викиликс, таъсиси пойгоҳи низомии Амрико ба ҷои пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон матраҳ шуд, аммо ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав имкон надод, то ин нақша амалӣ гардад.
Ба гуфтаи ин нашрия, ҳоло гӯиё вазъият дар минтақа то ҷое мутафовит ҳаст, вале ҳанӯз ҳам тарҳи Амрико дар мавриди густариши имконоти низомии худ дар Осиёи Марказӣ ҳамоно рӯи нақша аст: “Рӯзномаи амрикоии “Лосанҷелес Таймз” гузориш дод, Вашингтон дар ҳоли музокира бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эҷоди пойгоҳи ҳавопаймои бидуни сарнишин аст.” Вале нашрияи чопи Маскав бо такя ба қавли коршинос Иван Ипполитов афзудааст, “сиёсати пешгирифтаи Раҳмон посухгӯи тарҳҳои Амрико, аз ҷумла дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ нест. “Амрико ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро ба унвони як омили шаклгирифтани пойгоҳи нуфузи Маскав дар Осиёи Марказӣ медонанд. Истгоҳи фазоии Окно дар шаҳри Нораки Тоҷикистон барои амрикоиҳо муҳаррики қавӣ ва қобили таваҷҷуҳ аст. Ин дастгоҳ қодир ба дарёби моҳвораҳои амрикоӣ ба таври билқувва, ҳатто ба фаъолиятҳи онҳо метавонад, хатаровар бошад”,-гуфтааст ин коршинос.
“Независимая газета” аз қавли коршиносонаш навиштааст, пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки то соли 2042 боқӣ мемонад, низ ба нафъи амрикоиҳо набуда, ҳамкории наздики Душанбеву Пекин низ ба Вашингтон қобили қабул нест. “Дар ҳамин ҳол, андешаҳои Эмомалӣ Раҳмон барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва АвруОсиё Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳрик додааст”,-омадааст дар матлаб.
Аммо Александр Канязов, коршиноси масоили минтақаӣ дар суҳбат бо “Независимая газета” иҷрои сенарияи майдони Киевро дар Душанбе имконнопазир хонда, гуфтааст, ҳоло ин сенария дар дастури кори дипломатҳои Амрико қарор надорад, чун ба қавли ӯ дар ин росто метавон, дар мавриди Қирғизистон фикр кард. Зеро дар он тамоми заминаҳо барои амалӣ сохтани сенария вуҷуд дорад.
Ин коршиноси рус муътақид аст, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ричард Ҳоугленд масоили марбут ба пружаҳои энержӣ ва амниятӣ ба баҳс кашида шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фишанги муассиртаре барои Душанбе дорад ва он ин аст, ки дар он сӯи марзи ин кишвар бо Афғонистон Ҷунбиши исломии Узбакистон дар ҳоли омодабош қарор дорад. “Албатта, ин абзор барои Тошканд низ агар он хоҳад, ба таври мустақилтар рафтор кунад, истифода хоҳад шуд”,-гуфтааст Князев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |