Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат лағви пурраи "облава"-ро хост

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки 26 феврал дар Душанбе баргузор шуд, кумисюни даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ таъсис шуда, дар садри он Марҳабо Ҷабборӣ -- муовини нахуствазир, қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷаласа як бори дигар дастур додааст, ки усулҳои ғайриқонунии даъват ба Артиш, яъне “облава”, комилан аз байн бурда шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласа таъкид шудааст, “барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъват аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад”.
То кунун дар Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бештар аз роҳи маҷбурӣ истифода мешуд, ки борҳо мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Худи мақомоти тоҷик низ вуҷуди "облава"-ро тасдиқ карда, далел пеш меоварданд, ки саркашии ҷавонон боиси даъвати иҷборӣ шудааст.
Дар ҷаласаи 26 феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҷлили Рӯзи модар ва истиқбол аз ҷашни байналмилалии Наврӯз супориш дода, гуфтааст, “ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет ва моликияти давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд”.
Дар охир ба мақомоти шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон барои тақсим намудан ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ 60 гектар замин ҷудо карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |