Кумитаи дин барои омода кардани либоси ҳоҷиён дӯзанда меҷӯяд
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон барои омода сохтани либоси ягонаи иштирокдорони маросими “Ҳаҷ-2014” тендер эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, дар ин тендер корхонаву муассисаҳои ватанӣ ҳаққи ширкат дошта, ироаи пешниҳоди довталабон то рӯзи 7 март қабул карда мешавад. Ин ниҳод мегӯяд, рӯзи 10 марти соли ҷорӣ натоиҷи тендер ҷамъбаст ва баррасӣ хоҳад шуд. Кумитаи дин меафзояд, ки довталабон номгӯи сару либос ва шартҳои ҷузъии тендери мазкурро баъд аз пешниҳоди дархост дастрас хоҳанд кард.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |