“Ховар”: Зоиров хост, таҷрибаи Украинаро роҳандозӣ кунад, ки занон нагузоштанд
Хабаргузории миллии Тоҷикистон, “Ховар” бо нашри як матлаб, зери унвони “Бардоште аз сабақи украинӣ” Виктор Януковичи фирориро тарсу хондааст, ки беҷуръатӣ карда, ҷилави нооромиҳои феълии кишварашро саривақт нагирифт.
Дар матлаби нашркардаи “Ховар” ангезандаи ҳаводиси Киев кишварҳои хориҷ арзёбӣ мешаванд, ки “таваҷҷуҳи аслиро ба решаи таърихии ихтилофоти мазҳабии миёни сокинони ғарбу шарқи кишвар, эҳсосоти бадбинонаю интиқомҷӯёнаи бозмондагони авлодони миллату меҳанфурӯши бендерӣ-фашистии қисмати Карпатии Украина равона карданд. Пешвоёни мухолифин Арсений Яценюк (қаноти «Батькивщина» дар парлумони кишвар), Олег Тягнибок («Свобода»), Виталий Кличко (ҳизби «Удар»), вазири собиқи ВКД Ю. Луценко ва олигарх Порошенко ҳама зодагони ҳамонҷоянд.”
Дар матлаб, ки таҳти имзои Ҳумоюни Куҳистонӣ нашр шудааст, ҳаводиси Украина ҳамчун сабақи омӯзонандае барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ба қалам дода шудааст: “Барои касе пинҳон нест, ки абарқудратҳои машғул ба тақсимоти нави ҷаҳон аз ҳилаҳои нав ба нави геополитикӣ кор мегиранд ва дар ин самт пеш аз ҳама такя ба нерую шахсиятҳое мекунанд, ки бо сабабҳои мухталиф аз низоми амалкунанда розӣ нестанд, пушти ақидаҳои барои мардуми худашон бегона мераванд, барои молу сарват омодаанд, ки тамоми арзишҳои миллии худро зери по созанд.”
Дар пайи ин гуфтаҳо зикр шудааст, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ дар моҳи декабри соли гузашта муддати як ҳафта дар «Евромайдон»-и Киев қарор дошт: “Робитаи наздик бо мухолифини Украина барқарор намуда, таҷрибаи ихтилофандозию моҷароангезӣ меомӯхт. Баробари бозгашт дар саҳифаҳои интернетӣ ва ВАО эълон кард, ки нишасте меорояд ва мардуми Тоҷикистонро аз ҳақиқати намоишҳои эътирозӣ дар хиёбонҳои Украина огоҳ мекунад. Ӯ мунтазир набуд, ки дар симои чанд зани ҷасур халқи як дафъа воқеаҳои ҳамсонро аз сар гузаронида монеи ҳар гуна иғвоангезиҳои ӯ ва ӯ баринҳо мегардад. Ин мардумро фиреб додан дигар коре саҳлу сода нест."
Муаллифи матлаб ҳаводиси Киевро кори дасти гуруҳҳои ҷинояткор хонда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон низ чунин талошҳо ба назар мерасанд: “Тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда, ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ мухолиф ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имрӯз ба проблемаи «шиканҷа» рӯ овардаанд ва аз худ пуштибони аҳли ҷиноятро метарошанд. Ин формула ҳам барои аксарият кушода аст, ки ҳар як инқилобро «оқилон тарҳрезӣ мекунанду мутаассибҳо амалӣ ва қаллобҳо истифода». Мутаассибтар аз аҳли ҷиноят куҷо метавон пайдо кард?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |