Самӣ Юсуф, овозхони номовари ҷаҳони Ислом барои нахустин маротиба дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия консерт медиҳад.
Ин консерт 4 апрел дар толори “Crocus City Hall”, дар доираи силсиласафарҳои ҳунарии Самӣ Юсуф бо номи “Salaam Tour 2014” анҷом мешавад, хабар медиҳад IslamNews.
Ба иттилои манбаъ, дар консерти Маскав Самӣ Юсуф бо забонҳои арабӣ, туркӣ ва англисӣ тарона мехонад.
Самӣ Юсуф бештар ба унвони хонандаи нашид маъруф аст. Нахустин маҷмӯаи таронаҳои ӯ бо номи “Al-Mu’allim” 11 сол қабл нашр гардид ва ба вай шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Самӣ Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон дар хонаводаи озарбойҷониҳои муқими Эрон ба дунё омадааст. Баъди се сол оилаи онҳо ба Бритониё куч мебандад.
Ӯро маъруфтарин ситораи попи Ислом мегӯянд. Ду албоми аввали Самӣ Юсуф бо теъдоди беш аз якуним миллион нусха ба фурӯш рафта, таронаҳояш дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳо дар ҷаҳони Араб ва Туркия мақом гирифтаанд.