Беш аз 100 муҳоҷири тоҷику узбак аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд
Дар ҳудуди ноҳияи Митиши вилояти Маскав 110 муҳоҷири ғайриқонунӣ ошкор шудааст, ки бештари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба иттилои ҳукумати вилояти Маскав хабар медиҳанд.
Ба иттилои расида, ин афрод дар пайи рейдҳои кормандони пулис боздошт шудаанд. “Ин рейдҳо дар иншоотҳои сохтмонӣ, таваққуфгоҳҳои васоити нақлиёт ва нуқтаҳои савдо гузаронда шудаанд. Дар натиҷа 110 шаҳрванди хориҷӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ба идораи пулис оварда шуданд. Инҳо табааи Молдов, Узбакистон ва Тоҷикистонанд”,-хабар додааст манбаъ.
Дақиқ нест, ки аз ин миён чӣ теъдодаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Гуфта мешавад, нисбат ба дастгиршудаҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамаи онҳо аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |