Бахшҳо

Зоири Давлат: Ҷангҳои мазҳабӣ ё инқилоб дар Сурия?

Зоири ДАВЛАТ,
пажӯҳишгари масоили Ховари Миёна


Шуморе аз кишварҳои арабӣ аз қабили Тунис, Либия, Яман, Миср, Баҳрайн, Лубнон ва Сурия тайи солҳои ахир шоҳиди таҳаввулоте шуданд, ки дар таърих бо номи “Баҳори араб” сабт мешавад. Ба истиснои Сурия, дар кишварҳои дигар мавҷи инқилобҳо бо талафоти камтар поин шуда, ором-ором як навъ суботу истиқрор дар он онҷо барқарор гаштааст.

Аммо дар ин миёна Сурия ба майдони кашмакашу хунрезиҳо табдил ёфт, ки беш аз се сол боз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он хомӯш намешавад. Ин кишвар бо номи расмии “Ҷумҳурии арабии Сурия” ёд мешавад, ки дар тӯли таърих бо доштани ҷойгоҳи стратегӣ дар нуқтаи пайвастшавии се қора (қитъа)-и ҷаҳон: Осиё, Аврупо ва Африқо қарор гирифтааст. Бо кишварҳои муҳими минтақа Туркия, Ироқ, Лубнон, Урдун ва Исроил ҳаммарз буда, дар соҳили баҳри Миёназамин ҳам хоку марз дорад. Ба таври дигар бигӯем, Сурия дар байни Аврупои пешрафтаи саноатӣ ва Ховари Миёнаи нафтхез ҷой дорад.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди 47% ҷамъияти тақрибан 23 миллионнафараи Сурияро мусулмонони суннимазҳаб ва 13% алавиён, шиаҳои дувоздаҳимомӣ ва исмоилиён ташкил дода, теъдоди масеҳиён 10% ва дурузҳо 3% гуфта мешавад. Аз нигоҳи қавмият 90%-и ҷамъияти Сурияро арабҳо ва 9% курдҳо ташкил дода, дар маҷмуъ 1%-и аҳолӣ иборат аз туркҳо, черкесҳо ва яҳудиён мебошад.

Дар моҳи марти соли 2011 эътирозҳои мардумӣ дар ҷаҳони араб баланд гардида, дар шаҳрҳои мухталифи Сурия ба монанди Ҳамот, Ҷибила, Димишқ, Лозиқия, Даръо ва Ҳимс тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст. Аммо ҳамоишу тазоҳуроти мардум аз ҷониби артиши давлати Сурия саркӯб шуд. Дар пайи саркӯб шудани тазоҳурот мавҷи эътирозҳо дар Ҳимс, Даръо ва Ҳамот шадидтар гардид. Дар Ҳимс қиёми мусаллаҳона тавассути Артиши озоди Сурия зидди Ҳукумати конститутсионӣ рух дод ва Президенти Сурия Башшор Асад, ки то он лаҳза дар бобати авзоъи кишвараш ба расонаҳо назаре намедод, дар мусоҳибааш бо расонаҳои давлатӣ сабаби қиёми мусаллаҳона дар Ҳимс ва иллати эътирозотро Исроил донист. Ӯ ҳамон замон эълом дошт, ки бо иқтидор дар баробари ин найрангу тавтеаҳо меистад.

Иттиҳодия (Лига)-и кишварҳои арабӣ дар пайи афзоиши эътирозҳо ва кушта шудани ҳазорон эътирозгар аз ҷониби давлат, узвияти Сурия дар Иттиҳодияи мазкурро ба ҳолати таълиқ даровард.

Ба ҳамин минвол даргириҳо дар Сурия идома пайдо карда, то феврали соли равон 2014 беш аз 150 000 шаҳрванди Сурия дар нооромиҳо ҷони худро аз даст дода, миллионҳо нафар бехонаву дару дарбадар шуданд. Дар ин ҷо сайъ хоҳем кард ба яке аз муҳимтарин нуқтаҳои низоъ ва кашмакаш дар Сурия рушанӣ андозем, ки он ҳам масъалаи нақши мухолифати мазҳаб (конфессия)-ҳои суннӣ ва шиа дар давом ёфтани ноамнӣ дар ин минтақаи ба истилоҳ “ҳаётан муҳим”-и дунё мебошад.

Дар назари аввал ва таҳлили сатҳӣ пайдост, ки хостаҳои мардумӣ аз ҷониби ҳукумат дар Сурия дастгирӣ наёфта, дар ин заминоташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифтааст. Аз он лиҳоз, ки ин масъала дар дохили кишвар ҳалли худро пайдо накард, дунболаи он дароз шуда, кишварҳои манфиатдор дар нооромии Сурия аз худ дарак доданд. Акнун ҷанги дохилии Сурия ба ҷанги қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубаддал шудан гирифт. Ба хусус, аз қудратҳои минтақавӣ Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пуштибонии Русия.

Ҷойи шакку тардид нест, ки дар Сурия шӯришиёни мусаллаҳ аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва ҳукумати Башшор Асад аз ҷониби Эрону Русия дастгирӣ меёбанд. Дар натиҷа, мардум ва сарзамини Сурия зиёну зарар мебинад. Зербинои иҷтимоӣ ва муассисаҳои ин сарзамин шикаставу нобуд шуда, аз ҳама муҳимтар мардуми Сурия, ҳам аз тарафи мухолифон ва ҳам аз тарафи Ҳукумати феълӣ, кушта мешаванд.

Сиёсатшиноси рус Владимир Ахмедов бар ин назар аст, ки “вазъият дар Сурия хусусияти худро дорад. Дар Миср, Тунис, Либия ва Яман қиёми мардум ё инқилоб буд. Онҳо ба поён расиданд. Чунин дурудароз монанди нооромӣ дар Сурия, дастикам се сол, дар ҳеч ҷое идома наёфтааст, зеро дар он ҷо на як ҷанг, балки якчанд ҷанг давом дорад. Ҳамзамон, яке ба дигаре замима мешавад.” Воқеан, дар аввал мардуми норозӣ ва хостори ислоҳот аз худ дарак доданд ва 7-8 моҳ пас бо идома ёфтани эътирозот низои мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар чунин ҳолат, Ҳукумати Асад танҳо аз усулҳои қудратӣ кор гирифт.

Ба назари ин сиёсатшиноси рус “имрӯз мубориза барои демократия дар маҳдудаи хурд давом дорад. Падидаи асосӣ ва ҷадид ҷанг байни сунниҳо ва шиаҳо аст. Феълан дар Сурия ҳазорон суннӣ ва шиа меҷанганд, ки шаҳрванди Сурия нестанд”.

Албатта, шиаҳо ҷонибдори Асад ва сунниҳо мухолифони ӯ ва ҳукуматаш мебошанд. Пеш аз ин навобаста ба режими дунявӣ ва алавӣ будани командаи Асад дар артиши Сурия намояндагони якчанд мазҳабу дин ифои вазифаву хидмат мекарданд. Ба қавли ин сиёсатшиноси рус, “имрӯз ҳам режим ва ҳам асоси низомии давлат дар хидмати як фирқаи динӣ – алавиҳо мебошанд ва дигар танҳо барои вуҷуд доштан (аз байн нарафтан) муқовимат мекунанд. Дар тарафи муқобил бошад, сунниҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ки дар оғоз тазоҳуроти сулҳомезро ташкил дода, баъд аз он ки Асад фактори диниро истифода бурд, онҳо низ муборизаи мусаллаҳонаро оғоз карданд”.

Хулоса, дар Сурия мубориза барои озодиҳои шаҳрвандӣ ба муқовимат бо хусусияти кашмакаши чандмазҳабӣ табдил ёфта, дар ҳоли ҳозир муборизаи ду мазҳаби асосии Ислом дар ин сарзамин идома дорад.

(ИДОМА ДОРАД)
Мӯҳр
Сунни
Бубахшед ду мазхаби асосии ислом? яъне шиъа ва сунни? ки гуфтаст ки шиъа мазхаб аст? дар ислом 4 мазхаб асту шиъа мазхаб нест. бояд Суннихо бо кавми яхудихо ч,анг доран гуен осонтар аст.

FREEDOM
Ахсан Бародари Азиз!

Albatta az on ruze ki Amriko bolol Iroq hamla ovarda hukumatro ax sunniho kashida ba shia dod malum bud ki siyosathoi in davlathoi abarqudrat ham taragi in mintaqa taghyir khohad yoft....Chunki Amerika ki dar tuli qarib 50 sol natabonist rohi halli jangi Isroil va Falastinro yobad....Pas baroi vujudi Amriko dar mintaqa sababe ozim bud....

In mustalahi mazhabhoi shia dar bisyor muallafoti olimoni ahli sunnat zikr shudand....masalam amazhani zaydiya...mazhabi ismoiliya...dar ahli sunnat ham mazhabhoe hastamd ki vujudi feli dorandu bisyori odamon inro namedonand....masalan mazhzni aboziya ki mazhabi rasmii davlati Ummon ast...va in mazhabi khavorij ast va vujud dorad

Ханафи
Мазхаб дар истилохи илми каломи исломи тарикае хос дар фахми масоили эътикоди аст. мазхаби ханафи, молики, шофеи, ханбали, шеа... хамин ду мазхаби асоси дар Ислом аст. пайравони ахли суннат ва шиа, ки боз дар навбати худ, суннимазхабхо ба мазхаби ханафи, шофеи, ханбали, молики ва ибозия чудо шуда, шиахо боз фиркахои худро доранд... Дар точики мепурсанд ки суннимазхаб аст ё шиа.... хуллас хамин ду мазхаби асоси аст дар исломи мо....

рамаз
офарин бав падарат ягон инклоб нест Аввал бархурди манфиати Амрико ва Русия Дуввум ихтилоф байни пайравони Хазрати Али ва Хазратхои дигар Оишаву Абубакру... муовияву зайду... яъне Шиъаву Сунни..

Ба сунни: Магар Хазрати Али ва фарзандонаш яхуд буданд?????
Ду мазхаби асосист дар ислом Шиъа пайравони авлоди Пайгамбар ва сунни пайравони мухолифони Хонадони Пайамбар.. ин чор мазхабе ки ту мегуи шохахои мазхаби суннианд. Бинобар бесаводиятро ба чомеа бор накун. агар барои ту барин чохилон мазхаби Шиа вучуд набошад баро онхо низ мазхаби ту вучуд надорад. магар ба ин чизи одди аклат намерасад???

ислом
Ахсан ба бародар СУННИ гапа хакаша гуфти. Эй рамази беакл каллат дар чояш? ту шиаи сангпараст рав ба Эрон дар ончо назди бародар шиахот. Дар Точикистон барои ту баринхо чо нест.

muhmmad
jan dar suriya jangi lashkari emom mahdi va dajjol ast, ihtyot shaved, bibined, ki dar kadom lashkar hasted?!

шукронаи Аллох ки ман суни хастам ва гарна яхудишиа мебудам дустони пайгамбаро ва хонумашро хакорат мекардам худои накарда

сунатчон

ислом,

равшан
ДОИШ нефтҳои Ховари Миёнаро ба давлатҳои абарқудрати Ғарб мефурушад ва Ғарбиҳо аз нефти арзон баҳра мебардоранд ва кашол ёфтани ҷангро дар маконҳои нефт мехоҳанд. ДОИШ ҳамаи ифлосиҳояшро чун анана бо дин руйпуш мекунад. дар Шарқи Наздик на Курдҳою Суриягиҳо балки хориҷиҳо аз он ҷумла Ғарбиҳо меҷанганд, ки мардуми Шарқи Наздикро маҷбур месозанд, то макони бобогияшонро тарк кунанд ва сӯи Ғарб роҳ ёбанд , вале дар ғарб боз ҳуқуқҳояшон поймол мегардат. ин тараф оташ тарафи дигар об мардуми Ховари Миёна дар мобайни ин ду фадокат мондаанд.
Бани одам аъзои якдигар аст,
Ки дар офариниш зи як гавҳар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)