Изҳороти сафорати Амрико алайҳи қарори додгоҳи Фирдавсӣ
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шадидан интиқод карда, онро зарбае ба озодии баёну матбуот донист.
Дар изҳороти сафорати Амрико, ки баъд зӯҳри 25 феврал пахш шуд, омадааст, “мутмаинем, рӯзноманигороне, ки аз ҳуқуқашон барои озодии сухан ва баён кор мебаранд, сазовори ҳимоятанд ва набояд мавриди таъқиб қарор гиранд.” Дар идомаи ин изҳорот гуфта шудааст, ки “Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамояд”.30 000 СОМОНӢ ҶАРИМАИ ТУТУБАЛИНА
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |