“Капат дуд кадагияй”. СМС-и таҳдидомез ба вакилони Зайд Саидов

Се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, афроди ношинос пайваста ба телефонашон паёмак (СМС) фиристода, онҳову оилаашонро таҳдид ва таҳқир мекунанд.
Ахиран як чунин СМС-и таҳдидомез ба телефони Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, аз шумораи 915651308 ворид шудааст. Дар ин СМС гуфта шудааст, “гуш ку да се рӯз вақт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таёрита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.
Шӯҳрат Қудратов, ки ин паёмакро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, гуфт, ҳамингуна СМС ба рақами телефони Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ омадааст. “Айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии мо ва оилаи мо пурра зери хатар қарор дораду ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаи касбии мо нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Зайд Саидов алоқаманд мебошад”,-омадааст дар изҳороти ин вакилон, ки рӯзи 25 феврал нашр шуд.
Онҳо дар идома навиштаанд, “мо барои пурра, ҳамаҷониба иҷро намудани фаъолияти касбии худ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аз тарафи қонун ҳимоятшавандаи зерҳимояамон Саидов Зайд Шероивч аз тарафи шахсони номаълум таҳти таҳдиду фишор қарор дода шудаем.”
Дар ин изҳороти вакилони Зайд Саидов гуфта шудааст, онҳо чанд муддати охир мавриди таваҷҷуҳи Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, бахусус раҳбари он Абдуфаттоҳи Ғоиб, қарор доранд. “Ин таваҷҷӯҳи мақомоти зикргардида аз оғози фаъолияти мо ба сифати ҳимоячиёни собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов аз моҳи майи соли 2013 сарчашма мегирад. Сарвари ин мақомот ҳар изҳорот ва дархосту пешниҳоди моро вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов дарднок, бо эҳсосоти ба худаш хос қабул намуда, норозигии худро дар ҳар шакл зоҳир менамояд”,-таъкид шудааст дар изҳорот.
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, инчунин, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон шиква кардаанд, ки чандин муроҷиату дархости онҳоро бе посух гузоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |