Аз 16 то 19 сол. Маҳкумияти ҳамлаварони хонаи Дости Бурут

Додгоҳи ноҳияи Файзобод гурӯҳи панҷнафариеро, ки дар роҳзанӣ ва ғорати хонаи Достмурод Ҳакимов, маъруф ба Дости Бурут, муттаҳам мешуданд, аз 16 то 19 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Сайфиддин Камолов, раисикунандаи мурофиа, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳукм ҳанӯз дар моҳи январи соли ҷорӣ содир шудааст.
Ба қавли ӯ, “Барзу Ҳакимов ва Маҳмадулло 19-солӣ, Фирӯз Шарифов ва Муҳаммад Умаров 17-солӣ ва Санҷидмурод Худойбердиев 16 сол равонаи зиндон шуданд.” Камолов афзуд, маҳкумшудаҳо аз рӯи ҳукми додгоҳи Файзобод ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ бурда, мунтазири хулосаи ин ниҳоданд.
Ҳамла ба манзили Дости Бурут шаби 8 ба 9 октябри соли гузашта иттифоқ уфтода буд. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буданд, ки “як гуруҳ аз ҷавонон бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳо мусаллаҳ гашта, ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшидаву ба хонаи Достмурод Ҳакимов ворид мегарданд”. Ба гуфтаи онҳо, ин афрод бо мақсади тасарруфи молу мулки Достмурод Ҳакимов вориди ҷои хоби ӯ гашта, аз кисаи костюмаш 1700 сомонӣ ва аз дастони завҷааш – Гулсун Ҳакимова ду ангуштарӣ ва як дастпонаи тилоиро гирифтаанд. Ба қавли манбаъ, ин афрод инчунин Абдулҳақ, набераи 16-солаи Достмурод Ҳакимовро зери мушту лагад қарор додаанд.
Дости Бурут падари Меъроҷиддин Ҳакимов, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буда, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар деҳаи Мулло Туғмаи Файзобод, тақрибан се километр дуртар аз маркази Файзобод, зиндагӣ мекунад. Бино ба хабарҳое, ки ахиран дастраси мо шуд, Дости Бурут муддате дар бемористони Қарияи Боло бситарӣ буда, ҳоло аз он ҷо мураххас шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |